ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва муборизаи шадиде мерафт, ки «Касе кор накунад, намехӯрад!»
Ва тоифае, ки кор намекарданду мехӯрданд, ба таҳлука афтоданд, – ин куҷоя гапаш, ки як хизматгор хезаду молу мулки хӯҷаинро соҳибӣ кунад? Дунё чаппа шудааст магар? Ба ин тартиби бетартибӣ мутлақо роҳ додан мумкин нест!
Ва хӯҷаинҳо сар бардоштанд, – аввал ҳукумати ин пойлучонро нест кардан даркор. Баъд сад лагад ба сару баданашон задан, ки ҷойи худу мақоми худашонро фаромӯш накунанд! Ҳеҳ, дилашон ҳукмронӣ кашидааст?!
Ва дар шашяки рӯи замин хӯҷаинҳо барои саркӯб кардани хизматгорон ва хизматгорон барои сарнагун кардани хӯҷаинҳо камар бастанду ба ҳайҷо баромаданд. Ва Ивани хӯҷаин қудраташро нишон додан хост, ва Ивани хизматгор мусаллаҳ шуд, ва Ивани маллоҳ аз итоат сар тофту найза ба дили фармондеҳ рост кард; ва Аҳмади мардикор ба сари Аҳмади корфармо теғ кашид, ва Аҳмади чоряккор замини Аҳмади заминдорро зада гирифт; ва Ивану Аҳмади говзӯру дузду роҳзан, ки майдони озоди худнамойӣ надоштанд, фурсатро ғанимат донистанду дастаҳо ғун оварданду командир шуданд…
Ва Хоҷаҳо даъват карданд:
– Ба хизматгорон ҳукумат надиҳед!
Ва хизматгорон ливо бардоштанд:
– Роҳҳоро кушоед, ҳукумати шӯройӣ меояд!
Ва дар талоши роҳбандиву роҳкушойӣ бархӯрдҳои хунин мавҷ зад, ва сипоҳи Хоҷаҳо гвардияи Сафед ва сипоҳи хизматгорон аскари Сурх ном гирифт. Ва гвардияи Сафед ҳам даъвойи ҳифзи Ватану салоҳи рӯзгори Халқ мекард, ва аскари Сурх низ аз ободии Ватану ҳаёти хуши ояндаи халқ шиор мепартофт. Ва ҳарду тараф фарзандони Халқро мекуштанд, ки «мо дӯсти шумо ҳастем, осоишу беҳбуди шуморо мехоҳем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё