ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Не, ин хел нест! Вай ба шароит нигоҳ карда тағйир меёбад. Масалан, мо ҳозир равему ба фақирони мусулмон бигӯем: «Рӯзгоратон бад аст. Рӯзгори нек хоҳед, ба тарафи мо бигзаред. Мо истисморгарони шуморо аз гарданашон гирифта, ба ахлоттӯда мепартоем!
Ҳамин хел гуфта метавонем? Не, наметавонем! Чунки онҳо дар зери таъсири таблиғоти муллоҳои худ ҳастанд. Пас, ба мо зарур аст, ки бо онҳо муносиби фаҳму эътиқоди худашон муомила бикунем».
Ва «муносиби фаҳму эътиқодашон» муомила карданд, – гуфтанд, ки муллоҳо ду хел мешаванд, – оқил ва ҷоҳил.
Ҷоҳилон шикамбандаанд ва сармоядоронро парастиш мекунанд ва қабоҳати онҳоро ҷомаи адолат мепӯшонанд ва аз ин рӯ душмани заҳматкашонанд. Оқилон Худотарсанд ва ба дину диёнат хиёнат намекунанд ва аз роҳи инсоф берун намераванд ва моҳиятан дӯсти халқанд. Ҳукумати шӯройӣ золимони халқро саркӯб мекунад ва сари мазлумонро сила, ва муллои одилро, ки дар замони феодалӣ ҷабр дидааст, ба ҳимоя мегирад». Ва муфтӣ Акрамхоҷаро, ки собиқан дар таъқиб буд ва ҷои гурез намеёфт, ҷустанду ёфтанду муфтии вилоят таъин карданд, ва ӯ фатво дод:
«Ҳукумат, бо хости Худо, соҳиби молу мулки мамлакат аст, ҳар чизе, ки ҳукумат ба раият медиҳад, ҳалол аст». Ва безаминҳо замин гирифтанд ва замини бекор намонд, ва обиву лалмиашро ҷуфт карданду киштанд, ва расми бекориву талбидану гадойӣ ба фаромӯшӣ рафт; ва муздуре, ки дирӯз хирман мекӯфту менолид, ки «хирмане дорему худ як дон намегирем, …майдае, майдае…» имрӯз бо сурур суруд мехонд, ки:
Як зарра намедонам раҳи қонунро, Ҳукумати ман аввал дароз кард нунро…майдае, майдае…
Ва коммунизми хаёлӣ, ки аҳли савод то ҳол аз китобҳо мехонданд, ва ҳеҷ ақл бовар намекард, ки вуҷуди чунин рӯзгоре дар рӯйи замин амри воқеъ бошад, акнун, дар даврони ҳукумати шӯройӣ, майда-майда ба ҳақиқати рӯзгор наздик мешуд, – шоҳу гадо гуфтанӣ гап оҳистаоҳиста барҳам мехӯрд, ва тӯдаи бекоронро, ки дар тартиби давлатдории собиқ ба ҳукми бесоҳиб буданду касе аз аҳволашон намепурсид, акнун ғамашонро мехӯрд, – суроғ мекард ва кору ҷойи хобу маош ёфта медод, ва одами бекоргард бад менамуд дар назари ҷомеъа…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё