ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва маврид мусоид мешавад барои босмачиҳо.1 Онҳо ба ҷиҳод бармехезанд аз ду самт. Қувваи зарбдор аз дашти Мирзоработ ба ҷанг медарояд ва аввал пули Чинозро мегирад ва сипас, аз оби Сайҳун гузашта тарафи Тошканд меравад. Ва ҳамдам қувваҳойи мададгор аз дарайи Оҳангарон ҳуҷум мекунанд ва инҳо низ ҷониби Тошканд мераванд.
Ва дар айни замон туркманҳойи Ҷунайд аз Чорҷӯ бармехезанд ва аз Омӯ мегузаранд, ва роҳи оҳани Арис ва Тошкандро мебуранд. Ва лашкари Сурхҳо, ки дар Актюбинск ва Ашхобод ҳаст, дар муҳосира мемонад, ва чор дасту пояш аз замину осмон канда мешавад, ва ғайр аз таслим шудан дигар чора надорад… Ва дар ҳамин маврид афра додан даркор, ки амири Бухоро шерак бишавад, ва роҳи оҳанро, аз Амударё то ба Сирдарё забт бикунад…
Ва дар хаёл ва дар рӯйи қоғаз дар Осиёи Миёна Ҳокимияти Шӯравӣ барҳам хӯрд ва халқҳойи мазлуми ин сарзамин аз империализми болшевик халос шуд ва зери боли Британияи Кабир даромад.
Ва суханро аз гулӯ то ба забон роҳи дарозест, чӣ ҳоҷат аз гуфтан то ба кардан. Бо истифода аз ихтилофҳо империализм ба оташи ҷанг равған рехта тавонист, аммо… Аммо на генералҳову қӯрбошиҳо муттаҳид шуданд ва на босмачиҳо зери як ливо даромаданд, ва на Ҳокимияти Шӯравӣ барҳам хӯрд, ва на мардум аз даъвои коммунизм гузаштанд. Ва задухӯрд дар ҳар гӯшае ва ба ҳар баҳонае кам нашуд, зиёд шуд; ва одами бешумори ин хоку замин, бо шумораҳойи гуногун аз паси командире ва қӯрбошие ва мубаллиғе рафтанд, ва имрӯз аҳди дӯстӣ бастанду фардо аҳду паймонро шикастанду душмани ҷонӣ шуданд…
Ва лордҳо ба дили шоҳи Афғонистон васваса андохтанд, ки «мусулмонҳо аз тасарруфи болшевикони зиндиқ берун биёянд, шумо Халифа мешавед», ва шоҳи Афғонистон Амонулло ғарраи ин ваъда шуд ва ба Фарғона сафорат фири-
Босмачӣ – истилоҳи дақиқ нест, вале маъмул шудааст стонид, ва…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё