Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва харҷу ваъдаву талошу таҳдиду умед бисёр буд, вале ҳама ҳалҳалаву валвала баробари як шиори инқилобӣ вазн надошт, – мазлумон, вақти озодии шумо расид! Ва мазлумон, – коргаре, ки кор мекарду рӯйи роҳатро намедид, ва деҳқоне, ки дон мепошиду лучу гурусна мегашт, ва аскаре, ки хидмат мекарду миннат мешунид, ва ҳама мардуме, ки дар назари сармоядорон табақаи пасту ҳақир буданд, ва ашрофон ба рӯзгор ва кори онҳо нигариста завқ мебурданд, ки «харро гӯшташ ҳаром, кораш ҳалол», вақти озодиро ғанимат донистанд, ва бо орзуи озодӣ ба по хестанду қомат рост гирифтанд, ва садову силоҳ баланд карданд, ки «худи шумо сармоядорон, худи шумо ашрофон, ҳаром ҳастед ва гӯштатон ва рӯзгоратон ва сарвату савлататон ҳаром аст, ва лафзу луқмаатон ҳаром аст, ва минбаъд муфтхӯрӣ бас, ва мо аз шумо қасос мегирем, қасоси ҳазорсолаамонро мегирем, қасоси худамон, қасоси падаронамон, қасоси бобоёнамонро мегирем. Ва барои ба озодӣ расидан, ва барои аз золимон қасос ситонидан, ва барои роҳати заҳмати худро дидан, даста даставу фавҷ фавҷ ба лашкари Сурх пайвастанд, ки «соҳиби азалӣ ва аслии хоку об ва кишту ҳосил ва фабрику зовуд ва қонуну қойида мо ҳастем».
Ва соҳиб буданашонро собит мекарданд, – комиссарони халқӣ ва кумитаҳойи халқии иҷроия ва шӯроҳойи мухталиф ва иттифоқҳойи ҳар табақаи мардум, – камбағалон, бинокорон, оҳангарон, косибон, аробакашон, ҷуфтронон ва майдасавдогарон ташкил доданд. Ва миёнаҳолон дар ҳоли дуӣ рӯз мегузарониданд, – ҳамчун заҳматкаш сиёсати Шӯроҳоро меписандиданд, ва чун соҳиби мол майли хотирашон ҷониби сармоядорон мерафт.
Ва тарафҳо дар ҷанг буданд. Ҷангҳойи мардонаву номардона мекарданд; ва дар Петроград раиси шӯройи комиссарони халқро номардона1 куштанд, – ғофил аз хами кӯча паронданд, ва роҳбарони Ҳокимияти шӯроӣ дар сар то сари мамлакат маҷлисҳойи анбӯҳ оростанд ва суханҳойи

Бо террор.

пешина
аз 435
навбатӣ