Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва агар пахтаи Осиёи Миёна ҳам ба Русия наравад, боз нисфи фабрикаҳо аз кор мемонад ва боз нисфи аҳолӣ воситаи рӯзгузаронӣ надорад, ва боз нисфи ғалабаҳойи Инқилоб барбод рафт гӯед; ва коргару деҳқон, айбро бори гардани якдигар карда даст ба гиребон мешаванд гӯед, ва байни мардум нифоқ афтод гӯед, ва сари шӯроҳоро хӯрд гӯед. Аммо дар ин ҷо флот нест, ки пахтаро гузаштан намонад; роҳи оҳан ва роҳи корвон дар дасти худи Шӯроҳост ва мо баста наметавонем, ва барои мо фақат як илоҷ мемонад, – хару хингил! Роҳ ба ҷониби Шарқ нисбатан кушода аст, ва пахтаи Осиёи Миёнаро, як паға намонда, харида мегирем, ва хару хингил карда ба Қошғар мебарем, ва шикасти Инқилоб ногузир гӯеду монед.
Ва ҳисобу китоб карданд, ки барои ба Қошғар бурдани пахтаи Осиёи Миёна ҳафт миллиону панҷсад ҳазор шутур даркор аст. Дар чунин коре хару асп ба кор намеояд, – бори бисёр бардошта наметавонад, маҳз шутур бояд бошад, ки аз ӯҳдаи инчунин коре барояд; ва харҷи роҳ бисту ду миллион рупияи ҳиндӣ мешавад. Ва се моҳу даҳ рӯз ҷамъу тарҳ карданд, ва дар охир аз лордҳойи Лондон дастур гирифтанд, ки «Ин орзуятон хом аст». Шутурони рӯйи дунёро ҷамъ биёваред, ҳафтуним миллион намешавад; ва баъд маълум нест, ки корвонеро бо чунин бузургӣ аз сарҳад гузаронида метавонем ё не. Не, роҳи мурод ин нест, ягон илоҷи дигар ва роҳи воқеъии беҳтарашро ёбед». Аммо ҳамон замон роҳи беҳтар ёфт нашуд. Ва Сафедҳо мағлуб шуданд ва Сурхҳо ғолиб омаданд, ва Ҳокимияти шӯройӣ барномаашро эълон кард:
– Мо таърихро нав кардем. Шоҳу гадоро баробар кардем. Мо ҷомеаи нав месозем. Ҳамаи тартибот ва бинишу дониши куҳнаро нав мекунем. Одамро ҳам нав мекунем.

2
Ва сад ҳазор марде, ки ҳукумати подшоҳии Русия, дар
соли як ҳазору нӯҳсаду шонздаҳ, аз Осиёи Миёна, барои
хизмати маҷбурӣ дар ақибгоҳи фронт бурда буд, баъди ғалабаи Инқилоб, озод шуданду ба ватан баргаштанд.

пешина
аз 435
навбатӣ