ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Онҳо, дар муқоиса бо дигар ҳамватанон, ҷаҳондидаву таҷрибаандӯхтаву донотар ба ҳисоб мерафтанд, ва аксарияташон ғояҳои сотсиалистиро хуш истиқбол карданд, ва командирону роҳбарони сиёсиву хоҷагӣ ва аскароне шуданд, ки барои барпо ва пойбарҷо гардидани Ҳокимияти шӯравӣ аз хуну пӯст гузашта, софдилонаву фидокорона мубориза бурданд.
Ва дар ин қатор фуқаройи аморати Бухоро ҳам буданд, ки он вақто дар шаҳрҳойи Тошканду Қӯқанду Самарқанд, дар заводҳо ва роҳи оҳан мардикорӣ мекарданд, ва ин марзу бум ба Русияи подшоҳӣ тааллуқ дошт, ва аз ҳамон ҷойҳо ба ақибгоҳи фронт фиристонида шуданд; ва ба озодӣ, ки баромаданд, ба зодгоҳҳои худ баргаштанд, ба ёду дидори хешу табор, ва орзуяшон зуд пир шуду хурсандиашон бақо накард, – дар қаламрави аморати Бухоро сиёсати давлату рӯзгори мардум аз куҳнаҳо ҳам куҳнатар буд. Ҳамон деги шикаставу косаи холӣ. – Амир дар ҳамон ақида, ки аҳолӣ ғуломони ӯ ҳастанд ва бекҳо нозирон бар сари ин ғуломон. Ва ҳар як бек дар ғундоштани андоз соҳиби мутлақи молу ҷони мардум…
Ва Амир супориш дод ба беки Кӯҳистон, – барои мо ҳаштсад асп ва сесад той бор ва се духтари бокира ва ду амради бериш фиристед. Мӯҳлат– се ҳафта.
Ва одамони Бек ба шикор баромаданд ва деҳа ба деҳа рафтанд, ва даҳ рӯз таҳдиду зану кӯб карданд ва супориши ҷаноби олӣ бекаму кост иҷро шуд – доду фиғони занҳо ва дуъои бади онҳо фақат ба гӯши худашон расид, ва яккамехҳо бе асп монд, ва хамбаҳоро рӯфтанд, ва бӯхчаҳои занҳову арӯсу домодони оянда ба ғорат рафт…
Ва мардҳо ғазаби ба лаб омадаашонро бо оби шилмаки даҳон бо азоб фурӯ мебурданд, ва эътироз мекардагиҳо низ ёфт шуданд:
– Баройи бачукач хӯрданиву пӯшидание намондед.
Ҳамин кӯдаку чӯдакро ҳам гиреду баред!
– Кӯдакони шумо ба кӣ даркор? Худатонро мебарем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё