ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
ҷор андохтанд:
– Ҷабрдидагон! Дасти ҷабборон кӯтоҳ шуд! Марду зане, ки ҳастед, аз дуру наздик, хезеду биёед ба анбор. Чизу чораатонро бубинед, бишиносед ва бигиреду бибаред.
Ва омаданд бечораҳо аз деҳоти дуру наздик ва анбӯҳ шуданд, ва бо оҳувоҳ, бо таъҷилу теладиҳӣ, ҷустанду ёфтанду гирифтанд хару аспу ғаллаву бӯхчаву пашму пӯсту равғану нақдинаи худро; ва се духтару ду амрадро пешкашӣ бурданд назди Маҳкам, ҳамчун тӯҳфа ва ҳамчун арзи сипосу миннатдорӣ ва эҳтирому эътироф, ки «акнун амири мо шумоед, мо аз замин то осмон аз Шумо миннатдор, мо як умр аз Шумо қарздор»…
Ва Маҳкам ба ҳолате афтод, ки гӯё дар як боғи хушҳаво байни гулҳо буд, ногоҳ аз гиребонаш кашиданду ба оғили бадбӯю ифлосе тела доданд:
– Чӣ одамоне ҳастед шумо?!.. Одам будани худро фаромӯш кардаед!
Ва хушомадгӯёнро пеш кард Маҳкам:
– Ҳамин феъли хушомадгӯйӣ ва рӯҳи ғуломӣ Хоҷаҳоро Хоҷа кардаанд. Аз ин феълатон гардед. Рӯҳатонро дигар кунед. О, мақсади мо бандаҳоро озод кардан аст. На озодҳоро банда кардан. Худатонро аз ҳеҷ кас кам нагиред, Шумо аз ҳеҷ миру бек кам нестед!.. Меравем, қалъаи бекро мегирем.
Ва рафтанд ба нияти қалъаи бекро фатҳ кардан ва дар ин бекигарӣ ҳукумати халқӣ, ҳукумати шӯройӣ барпо намудан. Ва дар роҳ, ки тақрибан ҳафт километр буд, довталабони бисёре аз ҷумлаи одамони ҷабрдида ва бекоргардони гушнамаст ва сарҳуёни моҷароҷӯ, ба шӯришгарон ҳамроҳ шуданд, ва шумораи лашкари Маҳкам ба се ҳазор дакка хӯрд, ки панҷсаду ҳаштод нафараш савора ва боқимонда пиёда буданд.
Ва аҳли қалъаро воҳима фаро гирифт, – ранги рӯяшон парид, аз савлату такаббур нишоне намонд, ва ин одамони ҳукмашон ба сағиру кабир раво ва фукашон дар осмон ба ҳоле афтоданд, ки муши ниммурдаро мемонданд ва дар талвоса буданд, ки ба кадом хафол сар халонанд… Ва Бек

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё