Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

паноҳ бурд ба дину оин, ба силоҳи мӯътамади Хоҷаҳо, ки асрҳо боз кор фармудаву фоидаашро дидаанд ва халқро мутеъ нигоҳ доштаанд – як эшон ва чаҳор муллойи бонуфузро, ки резачин ва ҷорӯби дастархонаш ҳастанд, вакил карда назди Маҳкам фиристонид ва ба онҳо ваколат дод, ки аз номи ӯ гӯянд:
– Ба Маҳкамбой салому паём, аммо баъд мардумро ҷавоб диҳанд, ба хонаҳошон раванд. Ҳар шарте, ки доранд, мо қабул мекунем. Ҳар камбудие, ки аз мо гузашт, ислоҳ мекунем. Ман ҳамаи маҳбусоне, ки Маҳкамбой бегуноҳ медонанд, озод мекунам. Гуноҳи ҳамаи онҳоеро, ки аз хизмати навкарӣ гурехтаанд ва ё саркашӣ кардаанд, мебахшам. Ҳар андозе, ки ҳаст ва Маҳкамбой онро нораво медонад, бекор мешавад. Ман ба Маҳкамбой аз Амир мансаби Бий гирифта медиҳам.
Ва роҳ кашиданд вакилон, ва Бек ба ҳокими Ҳисор хабар фиристонид аз шӯриш, ва мадад пурсид. Ва ҳам дар шаҳрча, дар маркази бекигарӣ, ғазо эълон кард.
Ва вакилонро Маҳкам хуш қабул кард ва арзашонро оромона шунид ва эҳтиромашонро нигоҳ дошт, ва дар хотима посух дод:
– Ба ҷаноби Бек бигӯед, ки ин мардум барои садақапурсӣ не, барои дигар кардани Ҳукумат омадаанд.
Мегӯянд, ки даври истисмори одам аз тарафи одам гузашт. Акнун ҳукми номаҳдуди беку миронро дигар таҳаммул намекунанд. Корд ба устухонашон расидааст.
Он кас дигар ҳукми номаҳдуд надоранд, ки пеши дасти худ ҷазо бидиҳанд, ва ё бубахшанд, андоз бароранд, ё бекор бикунанд. Замон дигар шуд. Халқ ҳукму ҳокимиятро мегирад. Ба зорӣ не, ба зӯрӣ мегирад. Оштӣ хоҳанд, таслим шаванд.
Ва Бек таслим нашуд, – чилу ҳафт навкаре, ки дошт ва яксаду ҳафтод нафаре, ки ба даъвати ҷиҳод омада буданд, мусаллаҳ кард ва ба ҷанг даровард.
Қалъаи Бек, монанди ҳама қалъаҳои аморати Бухоро, дар баландӣ буд ва дарвозаву бора дошт, ва чаҳор тарафаш майдони холӣ, ки ҷунбандае гузарад, намоён мешуд.

пешина
аз 435
навбатӣ