ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Намедонам ҷаноб гӯям, ё раис. Замона чунон ногаҳон дигар шуд, ки ҳоло одат накардаем. Ба ҳар навъ мо дар ин ду-се рӯз лаззати озодиро чашидем. Одам буданамонро ҳис кардем. Бо роҳбарии шумо. Бо шарофати шуҷоати шумо. Ҳеҷ бадӣ надорад, агар пеш аз ба хонаҳо рафтан, як оши шукрона хӯрем. Ҳамин гапро гуфтанӣ будам.
Ва ин гапро ҳамаи ҳозирон маъқул донистанд:
– Хуб мешавад!
– Шукрона кардан даркор!
– Бе ин намешавад! Рӯзи муборак аст.
Ва оши шукрона ба маъракаи калону ботантана табдил ёфт, – гову гӯсфанд, биринҷу равған, орду нон, қанду мағз, дегу табақу коса, ҳезуму табаре, ки дар анборҳои Бек буд, берун бароварданд, ва дар айвонҳову саҳни ҳавлӣ гилему намаду пӯстаку кӯрпачаҳойи якқад густурданд, ва баковулҳо, қассобҳо, кундакафонҳо, аловмонҳо, пазандаҳо, чойҷӯшонҳо, дастархондорҳо пайдо шуданду дасту оринҷ барзаданд, ва қатор дегҳои маърака шинонданд дар оштонҳойи заминӣ, ва самоворҳо устувор карданд, ва ба дараҷае аҳлонаву бо шавқ машғул шуданд, ки агар ба дигар мушкилаҳои рӯзгор бо чунин аҳливу ҳамин шавқ мечаспиданд, Худо шоҳид, ки ҳеҷ гоҳ рӯйи хориву зориро намедиданд.
Ва оши шукронаи якрӯза, ончунон гарм шуду тафсиду вусъат гирифт, ва хурсандиву шодӣ, ва миннатдориву сипосгузорӣ ба роҳбарони шӯриш ва тартиби нави зиндагӣ, ба дараҷае мавҷ зад, ки севу ним шабу рӯз давом кард. Ва се шабу севуним рӯз дегҳо аз ҷӯшидан намонд ва дастархонҳо холӣ нашуд; ва ошомиданд оби шӯрбову оши угрову чойи кабуд, ва хӯрданд гӯштбирёну гӯшти дампазу танӯркабобу палов, ва дона карданд себу ноку ғӯлингу майизу мағзи бодом; ва рақсиданду суруданду гӯштин гирифтанду масхарабозӣ карданд, ва фақат шароб намерасид, вале ҳама бе шароб маст буданд, масти ғалаба ва кайфи ҳукуматдорӣ, ки минбаъд тақдирашон ба дасти худашон.
Ва рӯзи аввал дар омади гап ду-се бор ва дар рӯзи дуввум як соат саҳариву як соат бегоҳӣ, ва дар рӯзи саввум як соат дами субҳ, ду соат вақти чошт, се соат пеш аз хоб, хираду фаросат ва ғайрату салоҳият ва одамгариву халқдӯстии Маҳкамбойро сифат карданду сано гуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё