ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва гоҳе ки бори нахуст гуфтанд:
– Мо то имрӯз мардуми бепадар ва бесоҳиб будем. Акнун ҳам падар ва ҳам соҳиб ёфтем. Шумо падари мо, Шумо соҳиби мо.
Маҳкам ончунон шарм кард, ки хуни ҳаё то гӯшҳояш дамид:
– Айб аст гуфтани ин хел гапҳо. Нагӯед ин хел гапҳоро.
Ман… Ман ҳам шумо барин як одам…Аз шумо на каму на зиёд… Ғалаба кори ҳамаамон. Дасти танҳо коре карда наметавонад…
Ва ҳозирон бас накарданд, боз гуфтанд ҳамон гапҳоро, вале бо фосила, дам гирифта, дам гирифта – аз хӯрдан, ошомидан ва рақсу суруд ва тамошойи гӯштингирон фориғ, ки шуданд, ба таърифу тавсифи Маҳкамбой даҳон мекушоданд, – Шукри Худо, сад бор шукр, ки парвардигори ҳар ду олам ба мо, Шумо барин фарзанд додаст; Шумо назаркардаи Худо, Худо назар накарда бошад, одам даллоли бозор намешавад, чӣ ҳоҷат ба ин мартабаҳо?! Шумо ба ин торикистон нур овардед, адолат овардед, дасти ситамгаронро кӯтоҳ кардед, дасти афтодагонро гирифтед…
Ва акнун Маҳкамро хиҷолат пахш намекард. Андаке нороҳатӣ дар ботинаш буд, вале дар рӯзи дуввум он ором гирифт, ва дар рӯзи саввум эътимодаш ба худаш афзуд, ва аз маддоҳон ҳар кадоме ширингуфтор бошад, даъват карда болотар меовард, ва ба худ наздиктар мешинонид ва фурӯтанӣ нишон медод:
– Ин ғалабаи халқ аст. Ғалабаи ситамкашон ба ситамкорон.
Ва тадриҷан гӯшу ҳуши Маҳкам ба саногӯиҳои ҳозирон одат кард, ва он хиҷолатҳову нороҳатиҳойи ботиние, ки қаблан дошт, дар кадом як гӯшаи нимбедори майнааш фурӯ рафт; ва аз таъомҳойи рангоранг бо рағбату иштиҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё