ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва баъд Бухорои имрӯз пуштибони гвардияи сафед шудааст ва афсарони зиёде дар он ҷо паноҳ ёфтанд ва бо қувваҳои аксулинқилобӣ ҳамкорӣ мекунанд, ва ҳатто ба вилояти Самарқанд лона мондаанд, ва мо ахбори аниқ дорем, ки урусҳое аз гвардияи сафед дар кӯҳистони Масчоҳ, дар деҳаи Оббурдон корхонаи тиру дорубарорӣ сохтаанд, ки тобеъи мост; ва муҳимаш халқ аз ҷабри амир ба ҷон расидааст ва ташнаи ислоҳоту рӯзи беҳтарест ва ҷадидон – коммунистони Бухоро кафолат медиҳанд, ки халқ ба инқилоб тайёр аст, ва мунтазири як ишора, ва дар ҷое шӯриш сар шавад, дар як зум ҳазорон-ҳазор муздур ба по мехезанд, ва он ҳама саллакалонҳойи хурдмағзро тӯъмаи ҷаҳаннам хоҳанд кард.
Ва ҳамагон розӣ шуданд, ки ин ҳама далелҳо ба муроди инқилоби ҷаҳонӣ нест; ва сарвату тиллову тангаи Бухороро гирифтан орзуву ормони ҳамаашон буду ҳаст, валекин дар ҳолате ки мо ба Бухоро лашкар кашем, он гоҳ байни диктатураи пролетариати озодибахш ва капитализми мустамликахоҳ фарқе намемонад. Нозукии масъала дар ҳамин ҷост.
Ва Амири Бухоро низ сиёсати дурӯя дошт, – аз як тараф ба ҷанги муқобили болшевикон, бо ёрии Афғонистон ва Англия, тайёрӣ медид, ва аз тарафи дигар ба Москов вакил фиристониданӣ буд, ки аҳди дӯстиро наву мустаҳкам бикунад.
Ва аз шаҳри Бухоро корвони дӯстӣ ба роҳ баромад, бо қатори шутурҳо ва тӯҳфаҳо, – пӯсти барраи қароқӯлӣ ва як даста пӯсти бабр, ки тир нарасидааст, ва ҷомаҳойи зарҳалкорӣ, ва ду аспи зину лаҷомаш нуқракӯб ва майизи соягӣ, ва ба сарварии генерал Маҳдихон.
Ва аз Москов ба Тошканд фармоиши сирф махфӣ расид: «Амирро сарнагун кунед. Ба ҷояш ҷавонбухороиёни ба мо содиқро бинишонед».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё