ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ин супориш дар Тошканд, дар ситоди фронти Туркистон ва дар маркази ҷадидоне, ки ба тарафи болшевикон гузашта буданд, мавриди гуфтушунид қарор гирифт, ва хулоса бароварданд, ки дар Бухоро ситамдидагон инқилоб карданд ва онҳоро дастгирӣ кардан қарзи инқилобии мост; ва дар ин машварат раиси ҷадидонкоммунистон Аҳмади Мирсаид ба бомба партофтан ба шаҳр сахт муқобил баромад:
– Инқилоб даркор. Инқилоб мешавад. Ягона роҳ ҳамин. Вале шаҳри Бухороро бомбаборон кардан ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест. Зарурат ҳам надорад. Бухоро сарвати таърих аст. Ҳар кӯча, ҳар як бино ва ҳар як хишташ арзиши бебаҳойи таърихӣ ва фарҳангӣ дорад. Ман қатъан муқобили аз аэроплан ба шаҳр бомба партофтан ҳастам.
Ва котибаш Файзуллои Хоҷа луқма партофт:
– Он ёдгориҳо ҳамааш боқимондаҳойи замони феодализм аст. Мо сотсиализм месозем. Дар замони коммунизм ҳамаи он арзиш надорад. Ҳар як чизи куҳна дар роҳи нав санги сари роҳ аст. Халал мерасонад.
Ва аксарият гапи аққалиятро баргардонида ба даҳонаш заданд, ки алҳол ҷои ваҷҳ пеш овардану ваҷҳ ҷустан нест.
Алҳол сухан аз сарнагун кардани аморат меравад, то ки халқи мазлум аз зулми номаҳдуди даврони феодалӣ халос шавад.
Ва Аҳмади Мирсаидро ҳамон замон аз мансаб ронданд, ки манфиати халқи заҳматкашро сарфи назар мекунад, ва ҳамон лаҳза раиси нав интихоб карданд ва раиси нав, собиқ ноиб Файзуллои Хоҷа, ба зарур ва ҳатмӣ будани ҳуҷуми бетаъхири армияи сурх ба аморати Бухоро далелҳойи шайъӣ овард, – мардуми Бухоро аз ҷабр ва зулми амир ба дод омадаанд. Шабу рӯз ғам мехӯранд, ки ин рӯзгори бад кай ба охир мерасад? Як садои адолат ва озодӣ баланд шавад ва ба гӯшашон расад, яксара ба по мехезанд. Фақат дар шаҳри Бухоро мо бист ҳазор тарафдори мусаллаҳ дорем, ки мунтазири ишора ҳастанд…
Ва қарор доданд, ки ҳамин рӯзҳо дар атрофи Бухоро инқилобхоҳон шӯриш мебардоранд, ва аскари сурх бояд тайёр бошад, ки дар ҳар лаҳза ба ёрии онҳо бирасад, қарзи инқилобии худро иҷро бикунад, зеро ки озодии мардуми Бухоро дари озодиро ба рӯйи мазлумони Шарқ мекушояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё