ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва барои ин маъниро ба гӯши бухороиён расондан дар Самарқанд бо сардории Азизмурод, як гурӯҳи шиорнавис таъсис доданд, ва бо қаламу коғазу чопхонаву дастур таъмин карданд, ва онҳо шурӯъ карданд ба варақанависӣ ва он варақаҳоро пинҳонкорон даст ба даст мебурданду даст ба даст медоданд дар шаҳру деҳот, ки «бархезед, вақти озодии мо расид!»
Ва корвони вакилон бо тӯҳфаву пешкаш ҳанӯз ба Оренбург нарасида буд, ки чанд фиристодаи ситоди ҳарбии Туркистон, дар либоси фақирон, дар Шакарбозор як ҷанги авбошона барпо карданд, ва ба Тошканд аз номи ситамдидаҳо телеграмма доданд, ки шӯриш хест ва ин шӯришро тарафдорони амир хезондаанд, ки мо бечорагонро саркӯб бикунанд ва охирин луқмаи нонро аз даҳонамон бигиранд; ва лашкари сурх шитобон рафт ба ҳимояи ситамкашон, ва сар шуд оғози инқилоб дар аморати Бухоро, ва гӯё бо хоҳиши коргару деҳқон ва дар асл бо нияти забткории ғосибон. Ва як даста силоҳбадасти таҳҷоиро, ки калтакдорони сурх ном дода буданд, пеш гузарониданд, ки «аввал шумо ҳамла бикунед!», – то вонамуд шавад, ки халқ худаш силоҳ гирифтаасту ба по хестааст ва инқилоб мекунад, – «мо аз дунболи шумо меравем. Дилпур бошед, мо шуморо танҳо намемонем».
Ва аскари сурх бо як ҳамлаи сабукак ба Шакарбозори назди Чорҷӯ даромад, ва шабошаб Чорҷӯро зери итоат даровард; ва калтакдорони сурх, ки вазифаи пешгардиву пешоҳангӣ доштанд, дар шаби торик роҳгум заданд, дар ҷанг иштирок накарданд, ва рӯзи дигар қариби чоштгоҳ ба шаҳри Чорҷӯ расиданд, ва диданд, ки дар пештоқи қалъа байрақи сурх шинонидаанд…
Ва соати дувоздаҳи шаб, бе эълони ҷанг ва аҳдшиканона, аскари болшевикон ба роҳи оҳани Когон ҳуҷум карданд, ва чиҳил нафар посбону роҳдоре, ки дар он ҷо буд, куштанду асир гирифтанд; ва соати дуи шаб, бо тӯпу туфангу мошинҳои зиреҳпӯш, бо тирпарониву ғурроси азими мошинҳо, то ба девори Бухоро расиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё