ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
дар ошхонаи пур аз дуди кабоб, се кати чӯбинро ҷафс монда, дастархони пурнеъмате ороста, арақро андаруни пева андохта менӯшиданд, ва латифаҳо мегуфтанд аз рӯзгори хону амирони Осиёи Миёна , ва мастона суруд мехонданд:
Мо Бухороро бомбаборон кардем.
Мо аморати куҳнаро вайрон кардем.
Ситорамаҳхосаро ҳам бомбаборон кардем.
Ҳар ҷое, ки аз он бӯи амир меомад,
Мо бомбаборон кардем.
Ва аморати Бухоро ҷумҳурӣ шуд, Ҷумҳурии Халқии
Бухоро, ва лаҷоми корҳо ба дасти Бухчека1 буд.
4 Пеш сарҳади давлатҳоро ҷанг муайян мекард. Акнун қарор муайян мекунад.
Ва Азизмуроди Рӯзимурод рафт ба Тошканд, то ки ба қарор даст бимонад. Вай ба ҳизби болшевикон хизмат мекард. Коммунист буд. Ва аз таҳти дил хизмат мекард, зеро даъво ва шиорҳойи болшевикҳо ба орзуву ормон ва хости дили ӯ як буд, монанд буд, ва ба дараҷае ҳамоҳанг буд, гӯё ки ин ҳизб аввал бо ӯ маслиҳат мекард ва фикрашро мепурсид ва баъд қарор мебаровард.
Ва дар Тошканд кори комиссия давом дошт, сардорони онро аз Москов фиристониданд ва аз халқҳойи Осиёи Миёна намояндаҳо – вакилон таъин кардаанд, ки дар қатори онҳо вакиле аз тоҷикон нест. Вазифаи комиссия ин буд, ки тақсимоти миллӣ бигзаронад. Ва ин кор, ба монанди ҳама корҳойи Ҳукумати шӯравӣ, кори нав буд, ки дар таърих собиқа надошт, ва бино ба сиёсати миллии Ленин сурат мегирифт, ки мақсадаш ба ҳар як халқ озодӣ додан, ватан додан ва соҳибдавлат кардан буд, то ки халқе ҷабр набинад, то ки
1
Бухчека – Бухарская черезвычайная комиссия.– Комиссияи фавқулоддаи
Бухоро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё