Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аз беадолатиҳойи замонҳойи гузашта ному нишоне боқӣ намонад, то ки адолат оламгир бошад, то ки ситамкашони рӯйи дунё бубинанду ибрат бигиранд, ки дар рӯйи замин кулли фарзанди инсон озодона ва баробару бародарона зиндагӣ карда метавонад, ва инак, намунаашро бароятон нишон медиҳем.
Ва дар Самарқанд, пеш аз ба Тошканд рафтан, Азизмурод пеши роҳбарони вилоят, ба тариқи шикоят, арз кард:
– Бино ба хабарҳойи дастрас масъала гӯё ҳал шудааст.
Хомнависи Қарорҳо низ тайёр будааст. Аз рафтану нарафтани ман чӣ фойда?
– Бояд ки равед, – гуфтанд ба ӯ.– Даъват ки кардаанд, ягон зарурат дорад. Баъд масъала ҳал нашудааст.
Масъала акнун ҳал мешавад. Нав ранги тоза гирифт.
Ва масъала чунин буд, ки халқҳойи ӯзбаку туркману қароқирғиз, гӯё мардуми бумии Осиёи Миёна будаанд ва майдамиллатҳое ба мисли яҳуду тоҷикҳо ҳам ҷо-ҷо зиндагӣ мекардаанд, ва биноан ба номи ҳамон халқҳойи таҳҷойӣ ҷумҳуриҳо таъсис мешаванд, ва майдамиллатҳо дар дохили ҷумҳуриҳо меистанд, ва баъзеяшон номи вилояти мухтор мегиранд; ва ранги нав гирифтанаш гӯё ба тоҷикон додани ҷумҳурии мухтор дар таркиби Ӯзбакистон будааст.
Ва Азизмурод рӯзномаву маҷаллаву рисолаву китобҳоеро, ки аз ин бобат баҳс мекард, ғундошту даста басту гирифту ба роҳ баромад. Аслан ин мавзӯъ ҷойи баҳс ҳам надошт, – ва дар ҳафтоду ҳафт пушти таърих сабт ва маълуму машҳур аст, ки тоҷикон мардуми муқимии ин хоку об буданду ҳастанд, ва ҳеҷ вақт лозим наомадааст, ки ин масъала мавриди баҳсу талош қарор бигирад, ва зарурат ба дифоъ бошад; ва ин мардум зиндагӣ мекарданду дар ин марзу бум ба ҳамон тарзи табиӣ ва азаливу абадӣ, ки аҷдодонашон рӯз гузарониданд, ва асрҳову наслҳо аз гӯшаи хотирашон намегузашт, ки замоне меояд ва қувваҳое пайдо мешавад, ки вуҷуди онҳоро инкор мекунанд. Не, набуд чунин ҳодисаҳо, ва дар андешаи тоҷикон ҷой надошт чунин даъвоҳо, ва бепарво умр ба сар мебурданд дар мулке, ки Худо ба онҳо додаст, ва барояшон фарқе надошт, ки амирашон аз кадом қавм ҳасту хокашон аз кадом қавм, ва ҳамсояашон кисту миллаташ чист.

пешина
аз 435
навбатӣ