ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Валекин мавриди баҳсу мунозираҳо шуд дар ҳамин замонҳойи охир, ва хоса, баъди ҷумҳурии халқӣ эълон кардани аморати Бухоро, ва ин баҳс дар мавриде пайдо шуд, ки дағдағаи Туркистони Бузург сохтан ба миён омад, ва аввал дар қасрҳо буд, ки пешвоён тарҳ мекашиданд, ва ҷуғрофияшро ба нақша мегирифтанд, ва усули тарғибу ташвиқашро муайян мекарданд, ва марказҳову мактабҳо мекушоданд; ва Инқилоби соли 1905 дар Русия деги нимҷӯши идеологияи онҳоро ҷӯшонд, ва ҷунбишу кӯшиш, ки вақти барпо кардани Туркистони Бузург расид аз Туркия то ба Бухорову Фарғонаву Қошғар доман паҳн намуд; ва дар солҳойи ҷанги якуми ҷаҳон он қадар қувват гирифт, ки дигар ба ин даъвойи бузургнажодӣ гӯё касе аз сиёсатмадорон шубҳа надошт; ва гоҳе, ки болшевикон аморати Бухороро ғасб карданд ва ҷумҳурии халқӣ ном доданд, забони туркиро забони давлатӣ эълон кардани ин ҷумҳурӣ, як воқеъаи таҳрифи бешармонаи таърих ва беадолатии гӯшношунид нисбат ба мардуми таҳҷоийи ин мулк ба ҳисоб нарафт, балки эҳёи адолати таърихӣ ва ба асли худ баргаштани қабилаҳои турк шуморида шуд.
Ва баҳс ба саҳифаи рӯзномаҳо баромад, ва шасту ду рӯзномаву маҷаллае, ки бо забони туркӣ нашр мешуд, акнун на фақат даъвойи забонӣ мекарданд, балки ҳукм мебароварданд ва ҳукмашонро ҷомаи амал мепӯшонданд, ки дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқе нест, ва онҳое, ки худро тоҷик мегӯянд, аслан туркҳое ҳастанд, ки забонашонро гум кардаанд. Ва танҳо як рӯзнома ба он шасту ду рӯзномаву маҷалла муқобил меистод, – ба забони тоҷикӣ чоп мешавад ва далел меовараду исбот мекунад, ки дурӯғ мегӯед, халқе бо номи тоҷик ҳаст, шумо ҳақ надоред, ки онро нодида бигиред… Ва Азизмурод бо чунин андешаҳо ба Тошканд расид, ва бино ба ҳуҷҷатҳое, ки дар даст дошт, умеде дар дилаш буд, ки ҳамаи аъзоёни комиссия аз таъриху ҷуғрофия бехабар набудагистанд, медонистагиҳо низ будагистанд ва муҳимаш, Ҳукумати шӯройӣ ҳукумати одил аст, ба беадолатӣ роҳ намедиҳад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё