ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҳамин Аҳмад Полвонҳое, ки ҷомаи Қаро Ботурӣ пӯшидаанд, дар аввали бедорӣ ва таъсири инқилоби рус дар соли 1905 ва ҳаракатҳойи машрутахоҳӣ дар Эрону Туркия, ба майдону минбари сиёсат баромаданд ва ҳизбҳо таъсис доданд ва байни халқ мартабаву эътибору нуфузе доштанд, ва дар маҷлисҳо бо забони тоҷикӣ сухан мегуфтанд, ва бо забони тоҷикӣ қарору дастуру хитобаҳо менавиштанд ва шеъру достонҳо эҷод мекарданд, баъдҳо, дар арафаи ҷанги ҷаҳон дар соли 1914, якбора миллати худ ва забони худро сирф инкор карданд,
– ватанро ҳафтсад сол пеш ба баҳои осоиши бадан фурӯхта буданд, алҳол ба васвасаи мансаби калон дар Туркистони Бузург гирифтор шудаанд ва рӯ ба Туркия овардаанд, ва шабу рӯз хоб мебинанд, ки халифат аз Бағдод ба Исломобод кӯчид, ва минбаъд Истамбул Исломбул хоҳад шуд. Не, ин хелаш намешавад! Хислати мардумро дигар кардан даркор!
Ва худ ин чӣ хислате ҳаст, ки Қаро Ботур ба касе, ки туркӣ ҳарф намезанад, мансаб намедиҳад, ва Аҳмад Полвон, аз тарси он ки бе мансаб мемонад, аз миллату аз забони модариаш рӯ мегардонад?! Ва Қаро Ботур хӯрҷинҳоро пур аз шаҳодатномаву шиноснома мекунад ва ба асп савор мешавад ва кӯча ба кӯча мегардад, ба хонаву дӯконҳо медарояд, ва ба одамон ҳуҷҷат медиҳад, ки «ту ӯзбак»; ва Аҳмад Полвон муқобил нест, ба муқовимат барнамехезад, балки баландтар аз Қаро Ботур ҷор меандозад, ки «дар шаҳрҳо тоҷик нест, ҳар касе, ки худро тоҷик мегӯяд, харашро бор бикунад, кӯчаду равад ба кӯҳистонаш».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё