Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Қаро Ботур мегӯяд: «тоҷик бошӣ, эронӣ ҳастӣ, пас, ту шиъа», ва Аҳмад Полвон метарсад: «Худо нигоҳ дорад, навис, ман ӯзбак»… Не, бад хислат аст, чунин хислат. Хислатро дигар кардан даркор, ки мо ҳам ба манзил ва муроде бирасем!
Ва Азизмурод миёнашро аз ҳафт ҷо сахт бибаст, ки хислати мардумро дигар бикунад.

5 Ва душманони коммунизм дар дохили СССР торафт каму камтар мешуд, ва дар ивазаш душманони хориҷӣ рӯз ба рӯз меафзуду меафзуд; ва акнун ҳизби болшевикон аз инқилоби ҷаҳонӣ даъвойи камтаре дошт ва бештар ба мустаҳкам кардани ғалабаи сотсиализм дар дохили мамлакат машғул шуд, - – замину об моли шахсӣ нест, моли давлат аст, ки ба ҳамаи одамони мамлакат баробар дахл дорад ва фарзанди инсон, бе истисно, дар ҷомеъа як хел ҳуқуқ дорад, – дар озодӣ, дар хондан, дар интихоби касб, дар интихоб кардану интихоб шудан, ва давлат кафили ин ҳама корҳост.
Ва талаби сиёсату фаъолияти раёсат чунин аст, – як кас ҳақ надорад, ки худро боло гираду дигареро паст занад, ва ба як нафар мутлақо манъ аст, ки нафари дигареро истисмор кунад, ва марду зан баробарҳуқуқанд, ва хондану савод баровардан барои ҳамаи аҳолӣ ҳатмист, ва тарғиби осоре, ки гӯшанишиниву дунёбезориву хаёлпарастиву ноумедиро талқин мекунад, қатъан раво нест ва мансабдор ба халқ хизмат бикунад, на халқ ба мансабдор…
Ва дар СССР, дар шашяки рӯйи замин, Қаро Ботуре моли Аҳмад Полвонро ғорат бикунад, ӯро дошта ба ҳабс мегирифтанд; ва сардоре зердастеро таҳқир бикунад, маҷлис ороста, ӯро ба муҳокима кашида, «ҳайфи ту»
мегуфтанд; ва вазире ба хешу табораш мансаб бидиҳад, зуд аз курсӣ бардошта ба замин мешинонданд; ва кӯдаке бесаробон монад, гирифта ба сағирхона мебурданд, мепӯшонданд, мехӯронданд, мехононданд, ва.. Ва ин ҳама корҳойи хайрро коммунистон мекарданд; ва заҳматкашон аз чунин адолатҳо ба шавқу завқ омада, ариза навишта, ба сафи коммунистон медаромаданд, ки коммунистон поктарин инсонанд ва дар сафи онҳо будану хизмати халқу ватанро кардан шарафи бузургест.

пешина
аз 435
навбатӣ