ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Азизмуроду Раҷаб мафтуни ҳамин адолату ҳамин хираду ҳамин сиёсату фаросат буданд, – ба рағми душманон, ки вуҷуди миллати моро мункир буданд, мавҷудияти моро эътирофу дастгирӣ кард? Кард! Вилояти мухторро, аввал ҷумҳурии мухтор кард? Кард! Баъд ба Ҷумҳурии мустақил табдил дод? Дод!.. Боқимондаи беадолатиҳоро ислоҳ мекунад.
Ва беадолатӣ дар тақсими марзу бум ва асолати миллӣ ва забони модарӣ бисёр буд, – вилоятҳо аз Тоҷикистон берун монданд, ва Қаро Ботур, бо шарикии фаъоли Аҳмад Полвон, ки аз худ Қаро Ботур тарошидааст, таърихдонони номдорро аз академияи Русия хариданд, ва ба Тошканд оварда хонаву ҷо ва имтиёзҳо доданд ва кор фармуданд; ва онҳо, ки то ба имрӯз тадқиқоти холисона мекарданд, якбора ба таҳриф гузаштанд, ва китобҳои ғафс навишта, «исбот» карданд, ки «Осиёи Миёна аз аввалу азал мулки туркҳост». Ва зӯран ӯзбак навиштани тоҷикон дар паспорту шаҳодатномаи таваллуду ақди никоҳ, сиёсати маъмулии ҳукумати давр шуд, ва тарғибот ба мағзҳо таъсире дошт, – касе ба тоҷикӣ гап занад, ӯро «ҷуҳуд»
мегуфтанд; ва маъмурони ҳукумати Ӯзбакистон, ки заминҳойи ҳамвору киштбобу ҳосилхез, ва шаҳрҳо ва роҳи оҳан ва фабрику заводҳо, ва синфи коргар, ва аҳли саводу ҳунар, дар тасарруфи онҳо монда буд, ба Тоҷикистон бо чашми кам менигаристанд ва ҳақир медонистанд, ва пайваста бартарии худро намоиш медоданд, ва мехостанд, ки Тоҷикистон дар кору бораш ҳамеша ба даҳани Ӯзбакистон бинигарад, ба мисли як эҳтиёҷманд ба эҳтиёҷбарор.
Ва «Овози тоҷик» овози эътироз мебаровард, ва «Бедории тоҷик» ба бедорӣ даъват мекард, ва хеле кам касон ин овозу ин даъватро мешуниданд, – ғолиби мардум бепарво буданд, ва муштарӣ намешуданд, рӯзнома намехонданд, ва ба майдон намебаромаданд. Ва он гурӯҳи андак, ки рӯзнома мехонданду майдондорӣ мекарданд, – аз Бухорову Самарқанд, аз Шаҳрисабзу Бойсун, аз Намангону Фарғона, – ба рӯзномаҳо, ба идораҳойи боло, – ба Душанбе, ба Тошканд, ба Москов, арзу шикоят менавиштанд, ки «мактабамон тоҷикӣ, китобамон туркӣ, маҳаллаамон тоҷик, шӯроямон турк; худамон тоҷик, ҳуҷҷатамон ӯзбак».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё