ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Поянда бод!» гӯён каф мекӯфтанд.
Ва аробакашону машкобон ва ошпазону нонпазону ҳалвопазон, ва нишавлову роҳатиҷонфурӯшони шаҳраки Душанбе ҳамон рӯз он қадар пул кор карданд, ки дар бинои умрашон ин қадар пул кор накарда буданд; ва ҳофизону раққосон он қадар таҳсину офарин шуниданд, ки дар бинои умрашон нашунида буданд; ва деҳқоне аз Дарвоз ба шариконаш гуфт, ки «ин ҳама алвонро агар ба ихтиёри ман медоданд, барои чорсад зану духтар куртаву лозимӣ медӯзондам».
Ва Тоҷикистон, ба ибораи роҳбарон ва рӯзноманигорон, рӯз ба рӯз тараққӣ мекарду гул-гул мешукуфт, – замин ду баробару се баробар зиёд ҳосил медод, ва муфтхӯрӣ решакан мешуд, ва халқ бояд саросар якто намонда, савод мебаровард, чунки бесаводӣ торикисту торикӣ дастнигарист, ва дастнигарӣ бунёди ҳама гуна истисморҳост; ва амиру қозӣ, бист сол пеш аз ин, ба кушодани мактабҳо сахт муқобил буданд ва равшанфикронро таъқиб мекарданд, ба обхона мепартофтанд, ҳафтоду панҷ чӯб мезаданд, ки бачаҳоро дониш омӯзонда, аз роҳ бероҳа накунанд; ва акнун ҳукумат худаш мактаб месозад, худаш ба муаллимон моҳона таъин кардааст, худаш қарор баровардааст, ки хондан ҳатмист, ва…
Ва ба ҳар коре бингарӣ, одилона, ва ба ҳар рафторе нигоҳ бикунӣ, хирадмандона, ва ҳаваси кас меояд аз чунин давлату чунин сиёсату чунин рисолату чунин раёсат, ки кумитаи марказии ҳизби коммунистии болшевикон ном дорад,.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё