Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Кадом дардошно гуфтааст ин суханҳоро?
– Беҳрӯз, машҳур ба Ибни Муқаффаъ гуфтааст. Як ҳазору сесад сол пеш гуфтааст.
– Пас, тағйири хислат аз ҳамон замон сар шуда будааст?
– Ҳамин хел хулоса бармеояд.
– Боз як ҳазору сесад сол даркор аст, ки хислати мардумро дигар бикунем?
– …

6 Ва масъалаи тоза кардани сафҳойи ҳизби коммунистӣ ба миён омад.
Бино ба устав ва программаи ҳизб, коммунист касе буд, ки даҳони ҳалол, тани ҳалол, кори ҳалол дошт, ва луқмаи ҳароме намехӯрд, ва имтиёз аз дигаронро ба худ раво намедонист, ва шахсе агар ҳамин расму русумро риоя накунад, аз саф берун мепартофтанд, ки манфиати шахсии худро аз манфиати халқу ҷомеъа боло гузоштааст; ва покиза нигоҳ доштани сафи ҳизб сиёсати рӯзмарраи кумитаи марказии ҳизб ба ҳисоб мерафт, вале ба таври маъракае не, ки саросари хоки СССР-ро фаро бигирад. Ва ин дафъа чунин сиёсат муборизаи шадид бо душманони халқ ном гирифт.
Ва дар Москов фармондеҳи фронт, маршалро ҳабс карданд, ва думравони ӯро ҷустанду ёфтанд аз округҳойи ҳарбӣ, аз дивизияҳо, аз полкҳо, аз баталионҳо; ва онҳоро суд карданд ва қарорҳойи суд дар рӯзномаҳо чоп шуд, ки ҷинояткорони ҳарбӣ будаанд, ва ҷосуси империалистҳои хориҷӣ, ва бо онҳо забон ёфта, муттаҳид шуда, ҳокимияти шӯравиро барҳам додан мехостанд.

пешина
аз 435
навбатӣ