ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ин тӯфони ба ҳабс гирифтан ва судҳойи пуровоза барпо намудан, ва шарҳу эзоҳашро дар рӯзномаву маҷаллаҳо навиштан, идораҳойи кумитаи марказии ҳизб, кумитаи бехатарии давлат, шӯройи комиссарони халқ, академияи илмҳо, редаксияи рӯзномаҳо ва нашриётҳоро фаро гирифт, ва сардорони ҷосусҳо, тарафдорони буржуйҳо, оппортунистон, калавандаҳо, ва думравони онҳоро фош карданд, ва ҳукми парон бароварданд, ва ё якумра ба зиндонҳо фиристониданд.
Ва тӯфони бало то ба Тошканд расид, ва аз он ҷо гузашта ба Душанбе омад; ва соати сейи шаб шаш ҷавонмарди мусаллаҳ ногаҳон ба ҳавлии похсадевори Азизмурод даромаданд, ва дар ҷои хобаш ба дасти ӯ кишанг заданд:
– Шумо ҳабс шудед!
– Бо кадом сабаб?
– Душмани халқ ҳастед.
– Ман душман бошам, ин халқ аслан дӯст надорад.
Ва Раҷаб бовар дошт, ки чунин худсарӣ ва бедодӣ кори душманони ҳукумати шӯравист, ва дар Боло асли воқеъаро намедонанд; ва фавран роҳи Московро пеш гирифт, ки ба Боло хабар бидиҳад ва пеши роҳи бадкирдориҳойи ин дастаҳойи силоҳшӯрро бигирад; ва дар Москов худи ӯро бигрифтанду партофтанд ба таҳхона паси панҷараҳойи оҳанин; ва сафи ҳизбро ончунон тоза карданд, ки дар райони Файзобод як нафар коммунист монд.
Ва расми одамизод чунин будааст, ки хирадманде ғояеро пеш мебарорад бо нияти беҳтару хубтар кардани рӯзгори Инсон, ва он ғоя ба орзуву ормони аксари мардум мувофиқ меояд ва аз паси татбиқаш мешаванд, ва ҳангоми ба амал овардан дар тафсири он ғоя аз асли ният дур мераванду дур мераванд, ва ба ифрот мерасонанд, ва як мақсади неки нек ба як маъракаи бади бад мубаддал мегардад, ва даво бало мешавад.
Ва аҳолии мамлакат аз ин гирудорҳойи сиёсиву қудратӣ аввал ба ҳарос афтоданд, – имрӯз вайро гирифту бурд, фардо маро мегираду мебарад!; ва бо мулоҳизае, ки ӯро нагираду набарад, Маҳмуд, ки боре аз Вадуд мушту лагад хӯрда буд, ба Вадуд тӯҳмат навишта ба рӯзнома фиристонд, то ки аз ӯ қасос бигирад, ва ҳам худро нағз нишон диҳад; ва Худодод ба шербачаҳойи бехатарӣ хабар дод, ки Худойбердӣ ашрофзода ҳасту дар ҳар маврид коре мекунад, ки ба заҳматкашон зарар мерасонад, то бигиранду бибаранд ва ӯ ҷойи вайро бигирад ва раиси шӯройи район бишавад; ва Раҳим аз болойи Раҳмон навишт, ки дар асарҳояш шоҳону амиронро таъриф мекунад, ба умеде, ки душмани халқаш бикунанд, ва ӯ аз таънаи «ту бесавод!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё