ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
бардам қадам бардошта назди шоир рафт, ва дар паҳлуи вай рост истод:
– Шоирон барои шоҳону амирон, дар васфи зафарҳову саховати онҳо шеър мегуфтанд. Имрӯз шоир дар васфи мову шумо, мардуми оддӣ ва либосаш даридаву дасташ пуробила, шеър гуфт. Ин кас шоири мову шумост. Шоҳу амир имрӯз мову шумо ҳастем. Ободии олам ба дасти мову шумо. Одам, ба маънойи пуррааш мову шумо будаем. Ура, рафиқон. Ура-а!
Анбӯҳ ба по хест, ура-а-а! гуфту каф кӯфт.
Онҳо дар канали калони Фарғона кор мекарданд, ки ба даштҳойи хушк об бароранд ва заминҳойи бекорро ба кор дароранд ва киштбоб бикунанд ва ватанашон обод бишавад, ва мардум минбаъд рӯйи бечорагиву нонгадойиву нодориву носериро набинанд; ва дар ҳафтоду панҷ рӯз ба дарозии яксаду бисту панҷ километр канал канданду об бароварданд ва панҷ ҳазор гектар замини хушк обӣ шуд; ва анбӯҳҳои дигаре монанди онҳо, ки дар даврони амирӣ «ҳеҷ буданд», ва дар замони шӯравӣ «ҳар чӣ шуданд», барои оббиёрӣ дар водии Ҳисор ва дар водии Вахш каналҳо меканданд, дарғотҳойи оҳанину мустаҳкам месохтанд, ва ботлоқҳоро мехушкониданд, ва найзорҳоро мебуриданду месӯзониданд; ва фақат дар ҳудуди Ҳисор ҳафт ҳазор гектар замини ноободро обод карданд; ва майдони кишти пахта васеъ мешуду васеъ; ва СССР аз Амрикову дигар мамлакатҳойи хориҷӣ пахта намехарид, ва мӯҳтоҷи шартгузориҳойи онҳо намешуд; ва фабрикаҳойи ресандагиву бофандагӣ ва зовудҳойи равғанкашиву собунпазиву кунҷорабарорӣ таъмину дар афзоиш буд. Ва Латишурус – котиби якуми ҳизби коммунистии Тоҷикистонро мардум ҳамин хел ном мебурданд, – ҳоли мардум ва вазъи корҳойи водии Вахшро дидан рафт. Вайро, баъди безарар гардонидани Азизмуроду Раҷаб барин зараррасонҳо, аз Москов таъин карда фиристониданд, ки:
– Кадрҳои кордону содиқ дар ҳамон ҷо ҳам ёфт мешаванд. Лекин хабарҳову мактубҳое, ки меояд, далели он аст, ки ҳамон беҳтаринҳо ҳам аз мафкураи деҳотӣ ва музофотӣ халос нашудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё