Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба пояи мафкураи сотсиалистӣ набаромадаанд. Чӣ ҳоҷат ба дигарон? Ҳукуматдор, ки шуданд, ба ҳамаи хешу таборашон мансаб медиҳанд.
Салоҳият дорад, ё надорад, аз ӯҳдаи кор мебарояд, ё намебарояд, барои онҳо ҳеҷ фарқаш нест. Мову шумо медонем, ки ҳукумат қавмӣ бошад, ҳама корҳойи давлатӣ дӯлоб мешавад. Қарору қонунҳоро вайрон мекунанд. На танҳо обод карда наметавонанд, балки ҳамон ободиҳойи будагиро вайрон мекунанд. Бинобар ин ҳукумати миллӣ сохтан даркор. Ҳукумати миллӣ барои он мардум чизи нав аст. Мафкураи нав аст. Ҳизб ба шумо бовар дорад, ки ба он ҷо мефиристонад.
Ва Латишурус барои халос кардани мардум аз мафкураи маҳдуди авлоду маҳал ва одат кунонидани онҳо бо мафкураи рӯзгори сотсиалистӣ, ки рангу бӯи миллӣ дорад, мактабҳойи омӯзиши сиёсӣ, касби мубаллиғӣ, ҳунари роҳбарӣ ва такмили ихтисос кушод, ва худаш дар гуфтору кирдор намунаи ибрат нишон медод, ки роҳбар чӣ гуна бояд бошад, ва давлатдорӣ чӣ масъулияту чӣ нозукиҳое дорад. Ва пеш аз сафар ба водии Вахш, ба ин сохтмони азими давр ва умумимилливу умумииттифоқиву зарбдор, нақшаи дарғотҳо, каналҳо ва шаҳрчаҳойи коргарон ва бошишгоҳи муҳоҷирон ва таркиби аҳолии таҳҷоиву омадаро бори дигар омӯхт, ва дурӯза тӯшаи роҳ гирифт, ва дар сафар як соат барои субҳона, ва як соату бист дақиқа барои чошт, ва якуним соат барои таъоми шом вақт сарф мекард, ва боқии рӯз мегашту медид сифати корро, аҳволи коргарону техникаро, чайлаву заминканҳойи муҳоҷиронро, ва маҳалҳоеро, ки дар ояндаи наздик мебоист иморат мекарданд, – мактаб, чойхонаи сурх, идораи шӯро, магазин… Ва дар Сарбанд, ҳангоми хотимаи маҷлис, вай пурсид:
– Кӣ камбудӣ ва ё шикояте дорад?
Ҷавонмарде, ки андаке пештар сари минбар баромада, аз номи бригадаи комсомолон ва ҷавонон ваъда дода, ӯҳдадорӣ гирифта буд, ки кори дурӯзаро дар як рӯз иҷро мекунанд, даст бардошт ва аз ҷояш хест:
– Камбудӣ нест. Шикоят ҳам нест. Фақат ҳамин қадараш ҳаст, ки Васия ва Гена ба мо бовар намекунанд.

пешина
аз 435
навбатӣ