ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Душанбе, ки акнун Сталинобод ном дошт, бетараф наистод, ва гурӯҳи олимонаш радия навишта, бо ду забон,
– забони тоҷикӣ ва забони русӣ, – дар ду рӯзномаи ҳизбӣ чоп карданд, ва он муаллифро танбеҳ доданд, ки буржуйҳо ҳеҷ гоҳ дӯсти заҳматкашон набуданд ва дӯст ҳам намешаванд. Душман бошад, зафарҳойи моро чашми дидан надорад. Агар чашми дидан медошт, медид, ки Тоҷикистон ливо дорад, герб дорад, конститутсия дорад.
Каналҳои азимро медид, ки мо бо ҳашар ва белу каланд кандем. Даштҳойи лабташнаи дирӯза ва заминҳойи кишту обии имрӯзаро медид. Медид, ки мо ағбаҳоро бурида ва шахҳоро шикофта роҳи мошингард кушодем. Не, душман ин хел чизҳоро намебинад. Озодӣ ва зафарҳойи мо ба чашми душман хор барин мерасад.
Ва адибону олимон дар васфи сангу чӯб ва обу хок ва роҳбарии хирадмандонаи ҳизби коммунистӣ, ва адолату саховати ҳукумати шӯравӣ, ва заҳматкашоне, ки аз сидқи дил зарбдорона кор мекунанд, шеъру достон ва мақолаву рисолаҳо навиштанд, ва ҳамду сано гуфтанд; ва ҳамаашон аз як забон эътирофу ифтихор аз он доштанд, ки Тоҷикистон саросар кӯҳистон аст, мо кӯҳистонием, ва ин сарзамини камзамин ватани асливу азалии мост; ва дар китобҳо ба таъкид такрор карданд, ки аз сад наваду ҳафт қисми ин мулк кӯҳ аст, ва ин хулосаи «илмӣ» ба китобҳойи дарсии таърих ва ҷуғрофия ва ҳатто ба Алифбо даромад; ва дар зеҳни дӯсту душман ва ошнову бегона нишаст, ки дар ҳамвориҳо, дар шаҳрҳо, тоҷикон набуданду нестанд; ва ин даъвойи бебунёд ва беасоси пантуркистон буд, ки қариб сад сол боз тарғибу ташвиқ мебурданд, ва ба сари таърих ва мардум ҷабран бор мекарданд; ва акнун «олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кашфиёти илмиашон» хату мӯҳр карда ба дасти пантуркистон доданд, ки «даъвойи шумо дуруст!»
Ва Сангин Вафозода ба Холмурод Рӯзимуродзода хулосаи дардашро гуфт:
– Ҳамин хислат миллати моро парешону парокандаву аз ҳамдигар ҷудо ва ба тақдири ватан бепарво кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё