Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин хислати қаноат кардан ба як тика нон, ки бемалол муҳайё мешавад, ва хислати танпарварӣ, ки гардани хамро шамшер намебурад, моро ба ҳамин рӯзҳои сахт овардааст, агар дигар нашавад, оқибат моро мекушад.
Ва онҳо, Сангину Холмурод, дар Ленинград, дар ошхонаи Академияи илмҳо, таъом мехӯрданд, – Сангин ба ин ҷо аз Сталинобод барои навиштани рисолаи илмӣ омада буд, ва Холмурод дар курси дуввуми омӯзишгоҳи ҳарбӣ мехонд, дӯст буданд. Ҳар ду дар як сағирхона зистанду хондаанд.
Ҳафтае як бор ё Сангин ба хабаргирии Холмурод меравад, ва ё Холмурод омада Сангинро хабар мегирад. Ва гоҳе, бо таъсири ягон ҳодисаву муомила, хондани рӯзнома ё китобе, мавзӯи мақому мартабаи тоҷикону Тоҷикистон дар СССР пеш меояд, ва дилашон бисёр мехоҳад, ки аз аҳлу тифоқ будани халқ ва ҳомии тоҷикон будани Тоҷикистон, ва сарҷамъ будани мардум дар як давлат, назди дӯсту душман, мисолҳое биоваранд ва фахре бикунанд. Вале воқеъият, ки аз чор се ҳиссаи тоҷикон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун мондаанд, ва аз чор се ҳиссаи онҳо аз миллат ва забони модариаш рӯ гардонидаанд; ва дар даруни ҷумҳурӣ ҷанҷоли шикоятнависӣ ба Москов, ки чаро дар сари ҳукумат аз фалон ҷо одам ҳасту аз фалон ҷо нест, як дами осоиш даст намедиҳад; дилашонро мефишорад ва забонашонро кӯтоҳ мекунад, ва дар сӯҳбатҳо аламашонро аз сухан мегиранд.
Ва Холмурод оҳ кашид:
– Падарам орзу доштанд, ки хислати мардумро дигар бикунанд. Хислати мардумро ҳатман дигар кардан даркор, мегуфтанд.
Ва ҳукумати шӯравӣ бо сарварии ҳизби коммунистӣ, тартиб ва сиёсати давлатдориро аз беху бунаш тағйир дод, нав кард, – ҳукумат меросӣ нест, интихобӣ аст, ва сарватҳойи рӯйи замин ва таги замин моликияти шахсҳойи алоҳида нест, моликияти ҷамъиятӣ аст, … Ва дар талоши аз решааш тағйир додану нав кардани хислати Инсон қарору қонунҳо мебаровард, – дар замони куҳна одам гурги одам буд, дар замони нав одам дӯсти одам мешавад; замони навро одамони фикру ақидаашон нав месозанд, ва одамони нав, марду зан, роҳбару коргар, дар хондан, касб омӯхтан, кор кардан, ба истироҳат рафтан, табобат гирифтан, баробарҳуқуқанд ва ҳаққу ҳуқуқи онҳоро давлат бо тамоми қудраташ ҳимоя мекунад.

пешина
аз 435
навбатӣ