ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Худи Мирзомурод, писари калонии Азизмурод, пас аз он ки падарашро душмани халқ карданд, аз роҳи Панҷи поён ба Афғонистон фирор кард, ва баъд ба Пишовар рафт, ва якуним сол пас азми зиёрати Хонаи Худо ӯро ба шаҳри Маккаи Мукаррама бурд, ва дар ҳамон ҷо сокин шуд, ва дертар имомии як масҷидро ба ӯ супориданд, ки як рӯзгори серу пуре дошт; ва Холмуроду хоҳари калонаш Муродгул ба шаҳри Бухоро, ба ҳавлии аммаашон рафтанд ва Муродгул дар мактаби русӣ хонд, ва Холмуродро ба сағирхонаи Чорҷӯ доданд; ва инҳо бо Мирзомурод робитае надоштанд, ва дар куҷо буданашу чӣ кор карданашро намедонистанд; ва ин пайғом барои Холмурод хеле ногаҳонӣ буд. Вай ба ин пайғомбиёри шубҳаангез ҷавоби даҳонӣ дод:
– Бародарамон зиндаву барҳаёт будаанд, умрашон дароз бод. Аммо ман дар Ватани худам ҳастам. Хатар ба сари ватан омадааст, ман барои ҳифзаш ҷанги рӯёрӯ хоҳам кард. Дар ҷанг, бо садоқат, номи падарамро сафед хоҳам кард.
Ва Холмурод ба фронт рафт.
Ва дар СССР пиру ҷавон ё ба фронт рафтанд, ва ё барои фронт кор мекарданд.
Ва дар чилу ҳафт рӯзи аввали ҷанг, дар Тоҷикистон шаш ҳазор ҷавонмард ва мардони миёнсол ва занҳо ариза навиштанду ба комиссариатҳойи ҳарбӣ оварданд, ки «мо ба ҷанг меравем, моро ба фронт фиристонед», ва сиву ду нафари онҳо одамоне буданд, ки мӯҳри «падараш душмани халқ» доштанд, ва аз ин боис таҳқир медиданд, ва маврид расида буд, ки он доғҳойи сиёҳро бишӯянд бо хун, ва номи падарашонро сафед бикунанд, ки онҳо душман набуданд, балки дӯстон буданд, ки бо тӯҳмати ноҳақ гирифтор шудаанд; ва худро аз зери бори таҳқир халос бикунанд; ва ҳабдаҳ нафарашон аз ҷумлаи ҷавонмардоне буданд, ки дар идораҳойи давлатӣ мансаб ва дар ҷомеъа мавқеъ доштанд, ва мардумро даъват мекарданд, ки ватан-модарро ҳимоя бикунанд, ва қарзи фарзандӣ ба ҷой биёваранд; ва ҳарифони ҳасуд таъна ба онҳо мезаданд, ки ҳавойи даҳананд, даъвояшон дурӯғ аст, вагарна худашон барои чӣ ба фронт намераванд?», ва онҳо таъҷил доштанд, ки зудтар ба фронт бираванд, ва ба чашми ҳасудон нишон бидиҳанд, ки дилу забонашон як аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё