ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва яксаду бист миллион сӯм пул ҷамъ карданду ба хазинаи фронт доданд, ки танку самолёт созанд барои ҷанговарон; ва либосу пӯсту пашму гӯшту гову гӯсфанд гирифтанд аз мардум, ва ба яксаду панҷоҳу як вагон бор карданд, ва тӯҳфа фиристониданд ба аскарон; ва вилояти Сталинобод ба дастгирӣ ва ёрӣ барои ҷангзадагони Белоруссияву Украина як ҳазору шашсаду ҳафтоду ҳафт гов ва ҳафт ҳазору чорсаду наваду як гӯсфанду буз, гирд оварданд ва ба корвони вагонҳо бор карданд, ва роҳи оҳан бурд ба шаҳру деҳаҳое, ки эҳтиёҷ доштанд.
Ва дар роҳи Гомел фашистон сокинони се хутори ҳамсояро ғун оварданд, ва бо посбонии як рота сипоҳӣ, ба роҳ андохтанд, ва пода барин ронда бурданд ба марзи як авраги дароз, ва саф кашонданд, ва фармуданд. ки чоҳ бикананд, аз қади одам боло бикананд, ва тӯлаш сад метру бараш якуним метр бошад; ва чоҳро канданду тайёр карданд; фашистон фармон доданд, ки сафу ҷамъ ба чоҳ дароянд, фақат бист марди боқувват берун истанд; ва мардум ба чоҳ фуромаданд, ва онҳоеро, ки таъхир карданд, бо пошнаи автомат задаву тела дода дарун партофтанд; ва бист марди берунро фармуданд, ки аз болойи мардуми зери чоҳ хок гардонанд, ва чоҳ аз хок ки пур шуд, ва доду фарёдро фурӯ бурд, ун бист нафарро паронданд; ва сад метр хоки сари води авраг се рӯз беист ҷунбид.
Ва дар майдони калони шаҳри Севастопол варақае дар деворҳо часпонданд: «Даҳгонаи мо, ки душман дивизия гумон меунад». Ва ин даҳгона пионерони дувоздаҳ– сенздаҳсола буданд, ки аз даҳ ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ дар истироҳатгоҳи Артек дам мегирифтанд, ва дар ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё