Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва урдуи сар то по мусаллаҳи фашист дар Белоруссия, дар маҳаллаҳойи Малый Тростенетс ва Масйуковщина, аҳолиро бароварданд ба саҳро, ва тақсим карданд ба гурӯҳҳо, – ҳар як гурӯҳ дусад зану мард ва пиру наврас, – ва даҳ фашисти камондор ба сари ҳар як гурӯҳ посбон; ва пешандоз карда мебаранд ба лаби роҳу воти замин, ва аз коғазҳойи дасташ мебинад командирашон нақшаро, ки дар куҷоҳо минаҳо хобонидаанду гӯронидаанд; ва ҳай мекунанд одамонро мисли рама ба ҳамон ҷо, ба рӯи минаҳо, ва аз зарби пову вазни одамон метарканд минаҳо, ва порапора мешаванд марду зану кӯдак, ва фашистон лаззат мебаранд аз тамошойи он; ва ҳар касе, ки ба рӯйи мина пояш нарасиду зинда монд, медоштанд ва аз сараш бензин мерехтанд ва месӯхтанд… Ва ҳамон ҳафта, дар ҳамон маҳалҳо, ҳаждаҳ ҳазор сокини ин диёрро куштанду сӯхтанд.
Ва алҳол фашистон дастболо буданд, – шаҳр аз паси шаҳр, деҳа аз паси деҳа, забт мекарданд, ва сад километру саду панҷоҳ километр даруни хоки СССР даромаданд; ва танба ба полки омехта зӯр омад, – полк ҷангҳои мудофиавӣ мекард ва зина ба зина ақиб мегашт, то ки дар ягон ҷойи мувофиқ сангар бигирад ва омадани қувваҳойи навро интизор бишавад; ва ақибнишинӣ чандон осону мураттаб даст намедод, – дар асари ҳамлаҳойи ҳавойӣ ва заминии душман алоқа бо баталионҳо ва батарияҳо душвор гардид, ва командири полк як нафар ефрейторро супориш дод, ки ба баландии он тарафи ботлоқ бирав, даруни ҷангал пинҳон шав, алоқаро муназзам нигоҳ дор; ва ефрейтор, ғалтаки сим дар даст ва радиоалоқа дар тахтапушт ва автомат дар китф, давону гаваккашон рафт, аз ботлоқ гузашт, ба баландӣ баромад, ва андаруни буттаҳойи анбӯҳ даромад, ва алоқаро барқарор кард; ва ним соат нагузашта буд, ки садойи мусалсали тир баланд шуд ва сими телефонро ягон панҷ – шаш қадам дуртар аз ӯ кирт бурид, ва ҳамон лаҳза парӯ ба замин афтид, – дарди сӯзоне аз байни сина ва гулӯяш гузашт, ва ҳар ду дасташ шилҳа шуд, ва аз дил гузаронд, ки «то ба сим расидан аз ҳуш наравам!», ва дилғеҷ ба сим расид, ва бо лабу забон ламс кард, ва ду нӯги симро бо гардонидан бо забон, навъе карда зери дандон овард, ва сахт газид, ки пайваст шавад, ва аз ҳуш рафт; ва сими телефон баста ва риштаи умри ӯ канда шуд.

пешина
аз 435
навбатӣ