Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва сипоҳии фашист Эмил Голдс, барои таърих, рӯзнома менавишт, ва дар дафтари ғафсе бо шамотат қалам кашид:
«Ба ҳар деҳае, ки медароем, ман одамонро бинам, дастам мехорад. Дилам мехоҳад, ки тапончаро аз ғилоф берун кашам, ин тӯдаи мардумро, ки гуногунсолу гуногунлибосанд, нишон гирам ва аз як лаб паронаму паронам, ҳаловат барам». «Мо бозӣ ба бозӣ гранати дастиро мепартоем ба хонаҳойи истиқоматӣ. Хонаҳо ҳамааш аз чӯб.
Зуд дармегирад. Аланга мезанад. Алангаи оташ ба хонаи ҳамсоя мегузарад. Инаш ҳам месӯзад. Забона мекашад. Ба хонаи дигар мерасад. Ваяш ҳам оташ мегирад. Кайф!
Манзарае, ки тамошое беҳтар аз он нест.
Сокинони хонаҳо мегирянд. Мо ба гиряи онҳо бо завқ механдем.»
Ва инженер Заславский дар кони ангишт як дастаи хурд, иборат аз се нафар ангишткан, пинҳонкоронро ташкил кард, ва бомба сохта ба онҳо медод, ва онҳо бомбаҳоро мебурданд ба кон, ба лойобаи ангишт меҷӯлонданд ва ба вагонҳо бор мекарданд; ва фашистон мебурданд ин ангиштро барои сӯзишвории поездҳо, ва дар роҳҳо ангиштбомбаҳо ҳангоми ба оташхонаи локоматив партофтан месӯхту метаркид, ва поезд, ки лавозимоти ҳарбӣ дошт, аз роҳ бероҳа мешуд, чапа мегашт; ва дар ҳаждаҳ рӯз чилу се поезд бо танку тӯпу тиру доруяш, ки ба фронт бояд мебурд, дар роҳҳо таркиду сӯхту ба ҷару ҷӯ афтиду нобуд шуд; ва Заславский ба тарафи Берлин нигариста мегуфт: «Чӣ хаёл кардед?

пешина
аз 435
навбатӣ