ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Вақти он аст , эй қалам, бурандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан, ғурандатар гардӣ зи барқ.
Ва теғи бурандаву сухани ғурандаи сотсиализм ва умеди ба рӯзгори коммунизм расидан ғолиб омад ба тарғиботи фашистӣ, ки немисҳо аз нажоди пок ҳастанд ва дигар нажодҳо барои хизмат кардан ба онҳо офарида шудаанд, ва заминҳойи хушобу ҳаворо бояд холӣ бикунанд, ки лоиқашон нест, ва ин амри таърих аст ва ногузир ҳамин хел шуданаш даркор.
Ва ин ғалаба ба халқҳойи Иттиҳоди Шӯравӣ бағоят гарон афтод, – фашистон як ҳазору ҳафтсаду даҳ шаҳри калону хурд, зиёда аз ҳафтод ҳазор деҳаву деҳача ва шаш миллион хонаву дарро сӯхтанду ба замин ҳамвор карданд, ва бисту панҷ миллион оила бесарпаноҳ монд, ва сиву ду ҳазор фабрику завод, шасту панҷ ҳазор километр роҳи оҳанро шикастанду вайрону валангор карданд, ва наваду ҳашт ҳазор колхоз, як ҳазору ҳаштсаду ҳафтоду шаш совхоз, ду ҳазору ҳаштсаду навад бошишгоҳи мошину тракторро харобу талаву тороҷ карданд, ва ҳафт миллион асп, ҳабдаҳ миллион гов, чандин миллион мурғу харгӯшро куштанду хӯрданду ба Германия бурданд.
Ва СССР дар ин ҷанг бисту ҳафт миллион одам талаф дод, ки бисту се ҳазор нафараш аз Тоҷикистон буд, – бисту се ҳазор ҷанговари тоҷик, ва ҳамаи онҳо ҷавонони ҳаждаҳсола ва мардони то чилсола буданд.
Ва лейтенанти калон Холмурод Азизмуродов як нафаре аз онҳост, ки бо ҳафт артилеристаш, дар Волхов, дар баландии беном, то охирин гулӯлаву тиру гранаташон, ва то охирин нафасашон ҷангиданд, ва таслим нашуданд.
Ва муаллифи номдори нақшаи «Барбарос», ки дар муддати панҷ-шаш моҳ торумор шудани СССР ва аз рӯйи ҷаҳон барҳам хӯрдани ғояи коммунизмро пешгӯйӣ карда буд, дар Нйурнберг, дар мурофиаи байналхалқӣ бар алайҳи ҷинояткорони ҳарбии Вермахт, фелдмаршал Паулйус, дар соли 1946, аз минбар иқрор шуд: «илми ҳарбии шӯравӣ аз илми ҳарбии мо то андозае беҳтар будааст, ки ман ба гумон аст дар мактаби ибтидоийи ҳарбии русҳо дарс дода метавонистам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ