ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ғофилгир кардед. Самолётҳои моро дар аэропортҳо таркондеду сӯзондед; инак, ҷавобашро бигиред!»…
Ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳойи 1941-1945, дар рафти муҳорибаҳо ба Ҷанги Ҷаҳонӣ табдил ёфт, – шасту як давлатро фаро гирифт, ва як ҳазору чорсаду ҳаждаҳ рӯзу шаб давом кард, ки як ҳазору сесаду бист шабонарӯзаш ҷанги бетанаффус буд, – ҳама ин муддат садойи тиру тӯп ва кафидани минаву таркидани бомба хомӯш нашуд, ва дар ҳар як шабонарӯз, аз ҳар ду тараф фақат аз фарзанди инсон, чордаҳ ҳазору панҷсад нафар ҷондор беҷон мешуд; ва яксаду даҳ миллион одам шинел пӯшид ва силоҳ ба даст гирифт.
Ва аҳолии СССР яксаду наваду чор миллион буд, ки агар кӯдакон ва гурезагон ва хоинонро истисно бикунем, дигар ҳама ё дар майдони ҳарб ҷанги рӯёрӯ мекарданд, ва ё барои таъмини фронт заҳмат мекашиданд. Ин ҷанг ҷанги умумихалқӣ буд, – хурду калон, дар сафи пешу дар ақибгоҳи душман, ба ҳифзи Ватан бархестанд; ва дар соли дуюми ҷанг ягон аскар аз сангари гирифтааш, як қадам ақиб нагашт; ва дар кори саҳрову заводу фабрик як нафар ақибмонда набуд; ва аскарбача бо сари синааш даҳони амбразураро баст, ва лётчик самолиёти сӯхтаро тарк накард, балки ба рӯйи истеҳкоми душман фуруд овард, ки вай ҳам бисӯзад; ва партизан дар ақибгоҳи душман роҳҳойи мошингард, роҳҳойи оҳан ва аэропортҳоро вайрон кард ва анборҳойи силоҳу ғалларо сӯзонд, ва пулҳойи дарозу кӯтоҳро тарконданд, ва … Ва он солҳойи ҷанг сипоҳу силоҳу сухану қалам як вазифаву як хел қудрату як хел таъсир дошт; ва шоири тоҷик либоси сипоҳӣ пӯшиду силоҳ гирифту даъват кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ