Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Албатта, бо сарварии кумитаи марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва бюройи сиёсии он. Ва одами нав, бино ба ният, одаме ба воя расондан зарурат дошт, ки мушкилиҳоро осон карда тавонад; аз гуфтани сухани ҳақ дар ҳеҷ ҷой, аз ҳеҷ кас натарсад; манфиати ҷамъиятро болотар аз фойдаи шахсӣ донад; ба тақдири дигарон бетарафу бепарво набошад; ба камбудиҳо муросо накунад…
Ва Нарзулло Раҷабов дастпарвари ҳамин мактаб буд.
Дар идораи рӯзнома кор мекард. Баъди панҷ соли мухбирӣ, як ҳафта пеш, мудири шӯъбаи маданияту маишат таъин карданд. Ва ӯ се рӯз аст, ки ғалладонҳойи мизро бароварда, қоғазҳойи бетартибро як-як дида, ба тартиб меовард – даркорашро ҷудо карда мегирифт ва нодаркорашро даронида мепартофт.
Ва аз байни он ғарами қоғаз як баста мактуб ёфт, ки ҳамааш аз шаҳру району деҳаҳойи Ҷумҳурии Ӯзбакистон омадааст, – аз Соктаре, аз Шофирком, аз Афшана, аз Намангону Фарғонаву Чирчиқ, ва дар солҳойи гуногун омадааст, – баъзеяш чор сол пеш, баъзеяш ду сол пеш, баъзеяш ҳамин сол. Мактуби бисёре, аммо ҳамааш ба як мазмун, – кӯдакони тоҷикро бе пурсиш дар ҳуҷҷатҳо ӯзбак менависанд; мактабҳойи тоҷикиро мебанданд; тоҷикон аз тарси он ки фарзандонашон ба мактабҳойи олӣ дохил шуда наметавонанд, онҳоро ба мактаби ӯзбакӣ мебаранд.
Ва Нарзулло дар асоси ҳамаи он мактубҳо як мақола навишт ва номи шаҳру району деҳаро овард ва номи соҳибони мактубҳоро зикр кард ва бурда ба дасти муҳаррири рӯзнома дод. Муҳаррир як моҳ хомӯш гашт, ва баъди як моҳ ӯро ба идорааш ҷеғ зад:
– Сафири пешинаи Англия дар Ӯзбакистон як рисола навиштааст. Як бобаш дар бобати тоҷиконе, ки имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбакистон ҳастанд. Ҳавай таҳлил кардаасту хулоса баровардааст, ки дар шароити сиёсии имрӯзаи ҷаҳон, тақдири тоҷикони Ӯзбакистон ба дасти худашон, фақат ба дасти худашон. Ту ҳам ба корҳойи онҳо дахолат накун.

пешина
аз 435
навбатӣ