Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дорад дар назди роҳбарон, ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Москов, ва тӯҳфаҳояш ба Душанбе бо мошини КАМАЗ меояд ва ба Москов бо вагони поезд; ва Мирзоалӣ аз газета қарори Шӯройи Олии СССР-ро хонд ва номи Сафаралиро дар қатори қаҳрамонон надид, ва ба дилаш алов афтод, ва бегоҳирӯзӣ хесту ба хонаи Сафаралӣ рафт:
– Акнун шарту байъи мо чӣ мешавад?
– Ҳеҷ чиз намешавад!, – бо зарда ҷавоб дод Сафаралӣ. – Ба ман, ки нарасид, ба ту ҳам ҳеҷ чиз намерасад!
– Шумо қаҳрамон шудед, ё нашудед, ба ман дахл надорад. Одама гӯшташ ҳаром, лафзаш ҳалол. Шумо лафз карда будед, ки ба ман Жигули харида медиҳед. Ба лафзатон вафо кунед.
– Мо чӣ хел байъ кардем? Ба хотират ҳаст? Байъ кардем, ки пахтаи чиндагии ту ба номи ман мегузарад.
Ман ки қаҳрамон шудам, ба ту Жигули медиҳам.
– Дуруст. Ҳамин хел буд.
– Акнун ки ба ман қаҳрамонӣ надоданд, чаро ман ба ту Жигули диҳам?!
– Инаш нодуруст. О пахтаи ман ба номи шумо гузашт?!
Гузашт. Пас Жигулии шумо бояд ба номи ман гузарад.
– О қаҳрамонӣ надоданд-ку!
– О доданд, надоданд, кори ман чӣ?!
Ва тағою ҷиян ҷангӣ шуданд, ва дар тарафгирии онҳо авлод ба ду қисм ҷудо шуд ва ин қисм он қисмро бад диду бад гуфт ва он қисм ин қисмро бад диду бад гуфт; ва аҳли колхоз, тараф ба тараф, якеро дӯсту дигареро душман гирифтанд, ва бадгӯиву бадбинӣ ба ҷое расид, ки як колхоз ба ду колхоз табдил ёфт, ва ду раис ҳафт сол бо ҳам дар ҷангу ҷидол буданд, ва ба ҳафтод идораи боло шикоят навиштанд, ки «тақсимоти молу мулки колхоз одилона набуд».
Ва «Волга»-ро Ҳақдод гирифт, вай аз сад сар меш яксаду се барра дод ва аз барраҳойи Мелибой ду сар зиёд буд; ва Мелибой ба прокурор хаттӣ хабар дод, ки «ҳисоби Ҳақдод дурӯғ. Вай барраҳои хешонашро барраҳойи колхоз навишт. Комиссия ва давлатро фиреб дод». Ва муфаттиш рафт.

пешина
аз 435
навбатӣ