Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тафтиш кард ва хабари ӯ рост баромад; ва ҷанҷол бағоят калон шуда рафтанаш мумкин буд, ки обрӯйи районро ду пули сиёҳ мекард, валекин худи котиби якуми райком восита шуд, – вай прокурорро ба идорааш даъват кард:
– Ҳамин корро хобонед. Ягон роҳи қонунимонандашро ёбеду хобонед. Аз барои як «Волга» роҳбарони як колхози пешқадамро байни мардум беобрӯву шарманда кардан хуб нест. Баъд нангаш ба район ҳам мерасад. Ба мову шумо ҳам. Хобонед, раису мудири ферма дар хизмат ба шумо, ман бовар дорам, кӯтоҳӣ намекунанд.
Ва ба Мелибой «Москвич» доданду корро хобонданд, вале қусураш аз ҷойи дигар зада баромад, – колхози Ғалаба кӯҳсору дараҳойи серобу алаф дошт ва чарогоҳҳои хушҳавойи тобистонӣ, ва шартномаашон буд бо колхози Энгелс, ки ба рамаҳойи гӯсфанду подаҳойи говаш ҷойи чаро медиҳад, ва имсол шартномаро яктарафа вайрон кард ва тобистон дар чарогоҳҳояш барои чорпоҳойи калону хурди колхози Энглис ҷойи чаро надод; ва колхози Энглис соҳиби талу теппаҳойи васеъу сералаф буд, ки дар зимистон шароити хубе дошт барои чорводорон, ва барқасд ин зимистон моли хурду калони колхози Ғалабаро роҳ надод ба чарогоҳҳояш; ва байни ин колхозҳо хунукӣ афтод, ва низоми анъанавии доду гирифт ва рафтуомад вайрон шуд…

4
– Аслан, имрӯз ҳаво чилу ҳафт-чилу нӯҳ дараҷа гарм.
Вале инро радио намегӯяд. Дар газетаҳо наменависанд. Аз мардум пинҳон медоранд. Чунки, бино ба қойдаҳойи байналмилалӣ, агар гармӣ аз чил зиёд бошад, ба одамон музди илова бояд бидиҳанд. Баройи он ки пули илова надиҳанд, пинҳон медоранд, дурӯғ мегӯянд.
Ва маълум набуд, ки мухотаби Дилмурод кист? Валекин аз даруни ҳавзи об ҷавоб омад:
– Коммунистон худашон хуб медонанд, ки чиро гӯянд ва чиро нагӯянд. Қойдаҳойи байналмилалӣ ба роҳи худаш, корҳойи коммунистӣ ба роҳи худаш.

пешина
аз 435
навбатӣ