ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ба кӣ, барои чӣ пул медиҳанд ва ба кӣ барои чӣ пул намедиҳанд, сиёсати дохилист. Росту дурӯғашро ҳизби коммунистӣ муайян мекунад, на термометр.
Ва онҳо, панҷ нафар, се аъзои суди вилоят ва ду раиси суди ду район, то миён луч ва почаи эзорҳо то зону барзадагӣ, дар саргаҳи канали калон, иморати навсохти Дилмуродро бӯрёкӯбон мекарданд.
Ва оби калони дарё бо шаст ба деворҳойи оҳану бетони дарғот бархӯрда, гирдоби азиме мешуд, ва аз ду дарвозаи оҳанин, яке васеъ, дигаре камбартар, ҷӯшидаву фавворазада мебаромад, ва бо ду канал, яке калону дигаре хурдтар, ба ҷониби ҷанубии водӣ ҷорӣ мешуд, ва ин каналҳо печутоб хӯрда, ба сарҷӯйҳойи сершуморе тақсим гардида, қаду бари водии сӣ сол пеш аз ин биёбони хушку хорзору ҷарканда ва найзору ботлоқро, ба заминҳойи ҳамвори корам, ҳосилхез ва деҳоти обод ва боғу бӯстон табдил дода буд, ва ҳоло бо ифтихор Водии зархез мегуфтанд; ва оби каналҳо ба ҳар ҷое ки расад, сабзу хуррам ва ба ҳар ҷое ки нарасад, хушку сӯхта буд.
Ва дарғот дарвозаи дутабақаи оҳанин ва посбонҳо ва хизматгорҳо дошт, ва дар тоқи дарвоза бо ҳарфҳойи якметраи тунука шаъну шараф ба ҳизби коммунистӣ навиштаанд, ки шабҳо чароғҳояш дармегирифт; ва андаруни дарвоза бӯстонсаройи ҳукумат сохтаанд бо тамоми асбобу анҷомаш, – хонаҳо, катҳо, роҳравҳо, растаҳойи дарахту бутаву гул ва ҳавзи шиноварӣ. Ва Дилмурод бо ёронаш болойи кати зери маҷнунбед дастархон густурдаанд, ва панҷ метр дуртар қассоб шишаки ҳисориро аз пояш ба дарахти чормағз овехтаасту пӯст меканад; ва аз ошхона бӯи кабоб меояд, ва чанд кас, аз ҷумлаи хизматгорони дарғот, ҳезум мешикананд, чой меҷӯшонанд, хуришҳову газакҳо тайёр мекунанд ва табақи кабоб мебиёранду мебаранд…
Ва Дилмурод дар бачагӣ, дар наврасӣ, дар солҳойи таҳсил дар университет ва се соли аввали кор, ки муфаттиш дар милитсия ва дар прокуратура буд, аз услубу одоби коммунистӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо