Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ва аз фармудаҳойи ахлоқ ва қарор ва шиорҳойи бинокорони коммунизм сари мӯйе берун намерафт, – дар бачагиву наврасӣ дар раҳу рӯ чизи бесоҳиберо бубинад, даст дароз намекард ва намегирифт, ки «моли ман нест, моли каси дигар аст», ва дар мактаб аз дарсҳо ақиб намемонд, вазифаи хонагиашро бекаму кост иҷро мекард; ва дар ғуноварии оҳанпора ва рӯзҳойи ҳашар, ки «шанбеи коммунистӣ»
мегуфтанд, ва дар мавсими пахтачинӣ, пешсаф буд, ки «коммунизмро бо дасти худамон месозем»; ва дар давраи донишҷӯйӣ аъло мехонд, ки «мушкили ҷомеаро кадрҳо осон мекунанд»; ва дар оғози кори муфаттишӣ ҷон меканд, ки «беадолатие дар ҳаққи касе содир нашавад»; ва ҳамеша одамонеро, ки ба воситаи ягон кас ину он корашонро буд мекунанд, дум ликонда гирди ину он мансабдор мегарданд, бади бад медид, ки «иззати нафс надоранд, бешарафанд»; ва бо ғаразе зиёфатҳо оростан ва дастовезҳо бурдан, дар назараш як кори пасти паст буд, ки «ҳеҷ ба шаъни Одамӣ намезебид»; ва ришвахӯрону ришвадеҳонро аслан Одами даврони сотсиалистӣ ҳисоб намекард, ки «боқимондаҳойи замони феодалӣ ҳастанд».
Ва дертар, баъди ба дӯш афтодани бори рӯзгор ва дидану шунидани муносибату муомила дар байни роҳбарони ҳизби коммунист, ки дар айни замон роҳбари давлату ҳукумат низ буданд, ва баъди бевосита корафтод шудани худаш ба арзу ниёзи мардум ва риояи Қонун, ва мансабдорони хурду калони ҷамоаву району вилоят, феълу хӯяш дигар шуд, ва рафтору гуфтораш ба дараҷае тағйир ёфт, ки дӯстони наздикаш, ва ҳатто модараш Муродгулро, ба ҳайрат гузошт. Ва зарбаи сахти нахустин ба эътиқоди коммунистии Дилмурод ҳолу аъмоли модараш буд, ки дар пеши назари худаш шуду гузашт, – модараш зиндагии шахсӣ надошт ва барои худаш не, барои идеологияи коммунистӣ ва барои ғалабаи пурра ва бебозгашти сотсиализм ва саросар хушбахт шудани халқи шӯравӣ ва адолати иҷтимойӣ, рӯзро шаб ва шабро рӯз мекард; ва дам намегирифту фароғат надошт, ва умраш ба ташвишу тараддуд хазон шуд, ки касе номи коммунистро доғдор накунад ва ба шаъну шарафи аввалин давлати бешоҳу гадо дар рӯйи замин халал нарасонад; ва оқибати ин ҳама ҷонкоҳониву ҷонфидоиҳо чунин шуд, ки зина ба зина мартабаашро паст карданд ва дар охир ҳамчун як чизи нодаркор, аз майдони сиёсӣ бароварданду берун партофтанд, ки дар хонааш, ғайр аз як мизу шаш курсӣ ва як ҷевон пур аз китобҳойи Ленину Сталин ва қарорҳойи Съездҳову Сессияҳо, дигар асбобу анҷоми дурусте надорад.

пешина
аз 435
навбатӣ