Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва зарба сахт буд, лекин решаи эътиқоди Дилмуродро наҷунбонд, – корҳойи дунё бе камбудӣ намешавад, якта-нимта беадолатӣ ҳанӯз беадолатии ҳизб ва давлат нест, имрӯз не, фардо ислоҳ мешавад!
Ва аммо ислоҳ нашуд, ҳарчанд ки Қарору қонунҳойи сохтмони сотсиалистӣ, дар яклухтӣ, кор мекард, ва даъво доштанд, ки сотсиализм акнун ба зинаи нав, ба зинаи сотсиализми мутараққӣ қадам монд, ва боз як зина ба коммунизм наздик шуд, ва насли имрӯзаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар замони коммунизм зиндагӣ хоҳад кард; ва ҳеҷ кас сарфаҳм намерафт, ки сотсиализми мутараққӣ аз сотсиализм чӣ фарқ ё чӣ имтиёзе дорад, валекин ҳама дар ҳамин хаёл буданд ва аҳлона заҳмат мекашиданд, ва воситаҳойи истеҳсолот, ки моликияти давлатӣ буд, ҳосилаш сарвати ҷамъиятӣ ном дошт ва ҳар кас муносиби кораш саҳм мегирифт, ва касе кор накунад, ҳақи хӯрдан надошт; ва корҳо дар ҳама ҷабҳаҳо бо равнақу ривоҷ буд; ва бино ба нақша аз зери замин тиллову нуқра ва оҳану оҳаку ангишту нафту газ мегирифтанд, ва аз рӯйи замин ғалладонаву пахтаву канаб мерӯёниданд; ва заводу фабрикҳо самолёту танку тӯп, ва мошину трактору экскаватор ва орду макарону нон, ва матоъу кафшу мӯзаву миёнбанд мебароварданд, ва ҳамайи он, бино ба талабот, ҳатман моли бадошт буд, ки ба соҳибаш муддати дароз бояд хизмат мекард, ва агар чунин нест, масъулонро ҷазо медоданд; ва шаҳрҳо месохтанд ва иморатҳо оддиву бисёр буд, ки ба ҳама бирасад, ва зебу ороиши зиёдатӣ сарфи нодурусту беҳуда ва нораво ба ҳисоб мерафт; ва роҳҳойи нав ба нав мекушоданд ва роҳҳои тангро васеъ мекарданд, ва роҳҳойи каҷукилебу пасту баланд ҳамвору мумфарш мешуд; ва дуртарин деҳа дӯкон дошт ва дӯкондор барои бошандагон орду намаку керосину гӯгирд, ва либосу палосу китобу дафтар меовард…

пешина
аз 435
навбатӣ