ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва фаровон буд неъматҳойи сотсиализм, ва рӯзгори хуше доштанд мардум. Ва дар заминаи ин ҳама неъматҳо ва хушиҳойи зиндагии рӯзмарра, баъзе каҷрафториву қонуншиканиву беодобиҳо, дар назари Дилмурод майда-чуйдаву гузарон менамуд, ва муҳим он буд, ки асосу бунёди давлат покизаву мустаҳкам аст, ва ӯ, чун одат, фаъолияти коммуниствор дошт, ва ҳар нуқсоне, ки бинад, бепарво намегузашт ва дахолат мекард, ки ислоҳ бишавад, ва ба дигарон дарс медод:
– Ман ислоҳ накунам, ту ислоҳ накунӣ, вай ислоҳ накунад, кӣ ислоҳ мекунад? Ҳама бепарво бошад, оламро дузду ғар зер мекунад.
Ва боре барои тафтиши як шикояти хаттӣ ба шӯъбаи маорифи район фиристониданд ӯро, ва мудири маориф ҳамсабақи собиқаш дар мактаби миёна буд, ва гарм истиқбол карду бурд ба ресторан, ва нишастанд дар як гӯшаи аз толор маҳрамона, ва зиёфати шоҳона дод, ва ӯ ноҳинҷор ҳис мекард худро, ва таъомҳойи дар асл бомазза дар даҳонаш лаззат надошт; ва баргаштанд ба идора ва Дилмурод аз ҷузвдон ду варақи дафтари чоррах бароварду ба мудир дод, ва мудир баҳузур хонд ва варақҳоро баргардонид ба ӯ:
– Дуруст навиштааст. Ҳама гапҳош дуруст.
– Пас, шумо иқрор мекунед, ки аз муаллимон ришва мегиред?
– Ришва не, як навъ андоз. Аз муаллимон не, аз директорони мактабҳо.
– Шумо аз директорон мегиред, директорон аз муаллимон?
– Мантиқан ҳамин хел мешавад.
– Дар асл чӣ?
– Дар асл низ ҳамин хел ҳаст.
Ва баъд мудир эзоҳ дод, ки ҳар ҳафта ба район аз ину он идора комиссияе ё муфаттише мебиёяд. Аз вилоят, аз ҷумҳурӣ, аз Москов, бо ҳар сабабе. Аз райком ягон ташкилотро вобаста мекунанд, ки пешвоз гирад, ҷо ба ҷо кунад, хӯрду хӯрокашро бинад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо