Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо ҳам дар ҳамин қатор. Ҳамаи ин харҷу хароҷот дорад. Аз куҷо ёбем? Аз директорони мактабҳо мегирем. Нагирем, шармандагӣ, расми меҳмондорӣ вайрон мешавад.
Ва Дилмурод бо ҷаҳл дар дилаш гуфт, ки «саратона хурад меҳмондӯстиатон!», валекин дафтари ҷиноятӣ накушод; на барои он ки ҳамсабақаш буд, ва на барои он ки зиёфаташро хӯрд, балки бо андешае, ки ҷиноят ҷанбаи маъмурӣ дорад, ва аз райкому исполком сар шудааст, ва барои ба роҳбарони район сарокалла рафтан дасташ кӯтоҳӣ мекунад, – вай онҳоро ба ҷавобгарӣ кашида наметавонад, вале онҳо метавонанд дар як рӯз ба гардани ӯ сад хел гуноҳ бор бикунанд.
Ва бори дигар, дар як водии дигар, дар сӯҳбати хоса, бо тағобачааш аз ҳалолхӯрӣ гап кушод:
– Шумо як одами баобрӯ. Дар байни мардум мақому мартабае доред. Чӣ зарур аст, ки миёнаравӣ мекунед. Аз ришвадеҳон пулу мол мегиред. Бурда ба ришвахӯрон медиҳед. Ҳам қонун вайрон мешавад ва ҳам луқмаи ҳалоли пайвандонатон ҳаром.
– Шумо, ҷиян, ҳоло ҷавон. Корафтод нашудаед. Ришвадиҳӣ беҳтарин роҳи осудаву ором зиндагӣ кардан аст.
Албатта, пулу мол сарф мешавад. Лекин одам аз як тӯда ташвиш, ғаму андӯҳ ва ҳатто, аз хонавайронӣ ва марги базӯрӣ халосӣ меёбад. Кадомаш беҳтар? Ғам хӯрдан, азоб кашидан, аз идора ба идора саргардон шудан, таҳқир дидан, ва ё аз баҳри як миқдор пулу мол баромадану хотирҷамъ зистан? Канӣ, ҳамчун муфаттиш як муқоиса карда бинед, ки одам ба кадом тараф майл дорад?
Ва минбаъд Дилмурод муқоиса мекардагӣ шуд, – ҳолу аъмоли мудири маориф ва муҳити кору борашро муқоиса кард; ва миёнаравӣ ва натиҷаҳо ва фойдаҳойи тағобачаашро муқоиса кард; ва дар маҷлисҳо бо кадом лаҳн гап задани сардорону балегӯёнро, ва кӣ бо кӣ чӣ тавр муомила карданашро, ва тартиби зиёфатдиҳиву зиёфатхӯрӣ ва тӯҳфа бурданҳоро муқоиса кард, ва натиҷа гирифт, ки ҳар касе қоидаву қонунро муқаддам медонад, ба зарари худаш кор мекунад, ва на рӯзгори обод дорад ва на ба мансабе пешбарӣ мешавад ва на мақоме меёбад; ва касоне, ки пойбанди қойдаву қонун нестанд, ба манфиати худашон кор мекунанд, ва хонаву дари обод доранд, ва мансаб паси мансаб мегиранд, ва обрӯву эътиборашон меафзояд.

пешина
аз 435
навбатӣ