Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас, ё ҳақиқат меҷӯиву радди маърака мешавӣ, ва ё аз баҳри ҳақиқат мегузариву дар маърака болонишин.
Ва ба Дилмурод болонишинӣ маъқул буд, – ҳақиқатҷӯӣ нону ош намедиҳад, болонишинӣ нуқлу май ва хизматрасону мошин дорад, – ва «шарми гадо, то дари якум», ва эътирозу ҳазари ришвахӯр, то ба киса даромадани аввалин бандчаи пул; ва дар се сол вай се зина боло рафт, ва раиси суди район шуд; ва ҳавлии дуошёна сохт ва мошини Волгаи нав дар таги дарвоза; ва ҳоло бӯрёкӯбон дар бӯстонсаройи ҳукумат; ва бӯстонсаро сабзу салқин, ва як ваҷаб берун аз бӯстонсаро рустаниҳо хушку виғидагӣ ва хоки дар тафи офтоб сӯхта; ва…
Ва матбуот дар СССР фақат аз адолат менавишт, ва дар хориҷа матбуот фақат беадолатӣ дар СССР-ро тарғиб мекард.
Ва давлати шӯройӣ даъво дошт, ки империализм зинаи охирини капитализм аст, ва чархи таърих ақиб намегардад, ва ғалабаи коммунизм ногузир; ва империалистҳо исбот мекарданд, ки чунин даъво як хобу хаёл аст, ва оқибаташ бесарусомонӣ ва валу вайронӣ.
Ва Иттиҳоди шӯравӣ маблағҳойи зиёде сарф мекард барои дастгирии ҳизбҳойи коммунистӣ дар ҳама гӯшаҳойи дунё, ки бақувват шаванд, сари қудрат биёянд ва дар ватанашон сотсиализм бисозанд ва тартиботи коммунистӣ ҷаҳонгир бишавад; ва иттиҳоди империалистон аз коммунизм безор буданд ва роҳи заволашро меҷустанд, ва азбаски куҳнабисоту сарвати бештаре доштанд, пулу моли ҳангуфте ҷудо мекарданд, ки номи коммунизмро аз ҷаҳон бардоранд.
Ва ҷанги муддавом мерафт байни сотсиализму капитализм, – ҷанги даҳонӣ, ҷанги нонӣ ва ҷанги силоҳсозиву силоҳшӯрӣ, ва ҷанги забти ақлҳову кашфиётҳо ва ҷанги фатҳи хоку обу ҳаво.

пешина
аз 435
навбатӣ