ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва кураи замин як ҳайҷойи яклухт шуд, ки дар заминаш ва дар обаш ва дар ҳавояш, ду муштзӯр ва ду абарқудрат, мушакҳойи дамидаи бозӯ ва иқтидори идеологӣ, ва дастовардҳойи илму техника, ва қувваи сиёсиву иқтисодиву ҳарбияшонро намоиш медоданд ва аз таҷриба мегузарониданд, ва даъво доштанд – қисмати давлатҳо ва халқҳоро тавре нависанд, ки хости онҳост ва ба муроди онҳост; ва хароҷоташ ба гардани мардум буд, ва ҷабру азобашро заҳматкашон медиданд, ҳам дар мамлакатҳойи сотсиалистӣ ва ҳам дар мамлакатҳойи капиталистӣ.
Ва халқҳойи ҷаҳону мулкҳойи ҷаҳон, дар яклухтӣ ва бо баъзе тафовутҳо, ду хислат ва ду ормон доштанд:
а) халқҳову мулкҳойи ҳушёр, маккор, сарватдӯст, сарватғундор, моҷароҷӯ, фойдабардор, ҳукмраво.
б) халқҳову мулкҳойи гаранг, соддалавҳ, сарватношинос, бепарво, гапдаро, нафъу зарарашро намедонистагӣ, итоаткор.
Ва ҳушёрону маккорон гарангҳову соддалавҳонро ҷанг меандохтанд, ва бо фиребу найранг дасти дӯстӣ дароз мекарданд, ва харҷи задухӯрдро мебардоштанд, ва сипоҳу силоҳ медоданд; ва соддалавҳони гапдаро якдигарро мезаданд, мекуштанд, ва шаҳрҳоро месӯзонданд, ва сарватҳоро ҳушёрон ба ғорат мебурданд; ва мулк хароб мешуд ва худашон муфлису гадо; ва иғвододаҳо аз лаби сарватҳойи ғораткардаашон як лаб ноне, ва куҳналибосе ба онҳо садақа мефиристониданд, ва миннат мекарданд, ки «мо инсондӯстем, ба шумо ёрии башардӯстона мерасонем»; ва гӯлу гарангҳо, ки падару писару додару хоҳарашон қурбон шуд ва хонаву дарашон сӯхт ва молу мулкашон бесоҳиб монд, аз шодӣ ба куртаашон намеғунҷиданд, ки «раҳмат бар падарашон, дар рӯзҳойи сахт моро дастгирӣ карданд».
Ва водии Вахш дар ин харитаи Ҳайҷо, ки рӯйи ҷаҳонро фаро мегирифт, як холе баробари як дон арзан буд ва муносиби ҳолу ҷойи ҷуғрофиву иқтисодиву сиёсияш, маккорону соддалавҳоне дошт, ва ин водиро дар ҳуҷҷату китобу матбуоти Тоҷикистон бе сифати зархез ном намегирифтанд; ва ҳукумати шӯравӣ дарёи Вахшро лаҷом зада, каналҳо бароварда, ҷару дӯнгиҳоро ҳамвор карда, ботлоқҳоро хушконида, буттаву найзорҳоро сӯзонда ва аз ҳар гӯша муҳоҷир оварда, водии собиқан макони дарандаву чарандаву хазанда ва ҷойи бадарғайи одамони фармоншикану дузду ёғиро, ба ободиву зархезӣ табдил дод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо