ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҳукумат ба ном шӯройӣ, дар асл ҳизбӣ буд, ҳизб мефармуд, шӯро иҷро мекард; ва ҳар кори хубе ба анҷом расад, ба номи ҳизби коммунист мечаспонданд ва муҳорибаи азими одаму белу каланду экскаватору трактор бо обу хоку сангу рег ҳамчун ғалабаи коммунистон ба саркашиҳойи табиат, васфу тафсир шуд; ва ҳар як райони нав номи як аъзойи политбюроро гирифт, чунки пойтахт ва маркази вилоят ба номи доҳиҳо Сталин ва Ленин буд, ва роҳбарони Тоҷикистон ҳамин хел номгузориҳоро нишонаи сидқу садоқат ба ҳизби коммунистӣ медонистанд.
Ва кӯчаҳойи калони кулли шаҳру шаҳракҳои ҷумҳурӣ ба номи Ленин шуд, ва ҳар як район як колхоз дошт ба номи Ленин, ва ҳар як мактаб як гӯша кушод ба номи Ленин, ва ҳар боғе барои истироҳат ҷое созанд, боғи Ленин гуфтанд; ва дар ҳар маконе, ки ба номи Ленин буд, ҳайкали Ленин гузоштанд; ва дар ҳама ҷо шиор навиштанд:
«Ленин аз зиндаҳо ҳам зиндатар!»
Ва вакили андоз Раҳматуллои Ланг, ки дар деҳот, хона ба хона гашта андоз мегирифт, ҳангоми шумурдани пул, чорзону менишаст ва замзама мекард:
– Офарин ба Ленини мо! Худаш ҷудо ҳукм меронад, сураташ ҷудо. Пулаш ҷудо ҳукм меронад, ҳайкалаш ҷудо.
Ва ба ҳар ҳол адолат ҳукм меронд, – дар Вахш халқу қабилаҳойи тоҷик, немес, лақай, қунғурот, ӯзбак, урус, тотор, асетин, ки қисме ихтиёрӣ аз Бухорову Фарғонаву Ҳисор омаданд ва қисмеро ихтиёрию маҷбурӣ аз кӯҳистони Рашту Вахиёву Дарвозу Бадахшон кӯчонда овардаанд, аҳлона зиндагӣ мекарданд, ва қойдаву қонуни сотсиалистӣ чунин буд, ки ҳеҷ кас ҳақ надошт каси дигареро наҳ занад, таҳқир бикунад; ва дар мактаб бачаҳо бо забони модариашон дарс мехонданд; ва табобатхонаҳо ба аҳолӣ якхел ва бемузд хизмат мекарданд; ва нокасе болои занаш зани дигар бигирад, маломат мешунид, ё ҳабс мешуд; ва ҳаромхӯре аз пули ҳаром кӯшке бисозад, кашида мегирифтанд ва ба истифодаи кӯдакон медоданд; ва мардум на доройи доро буданд ва на камбағали камбағал.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо