Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ҳама аз сиёсати ҳизби коммунист розӣ буданд.
Ва Дилмурод ҳам розӣ буд, – хононд, касб дод, соҳиби мансаб кард ва обрӯву эътибор дорад; ва мулк осуда ва рӯзгори мардум босомон ва чашми одамон серу пур, ва ба қадри ин ҳама нозу неъмат расидан даркор; ва ӯ на фақат қадрдон буд, балки қойдаву қонунҳойи сотсиализмро ҳимоя мекард дар мурофиаҳо ва мақолаҳойи тарғиботӣ менавишт ва дар рӯзномаи вилоятӣ ба чоп медод; ва рафту омадаш ба редаксия аз вақт ба вақт, такрор ки мешуд, бо Ҳайдар – мудири шӯъбаи сиёсӣ, андаке дӯстӣ ҳам дошт; ва Ҳайдар ӯро одами нозғунҷи худ медонист, ва Дилмурод ҳам Ҳайдарро чун рафиқи рози ниҳон мешинохт, ва зиёфатҳо медод, аз шароб сарашон гарм шавад, аз мавзӯҳое баҳс мекарданд, ки одатан ба овози баланд гуфтан мумкин набуд, ва ягон боғайрати бемуросо гӯяду нависад, ҳеҷ рӯзномае чоп намекард, ва он касро одами беандеша ва бадбин мегуфтанду аз маърака дур нигоҳ медоштанд.
– Дилмурод, занакабозӣ аз дузаниву сезанӣ фарқ дорад? Қонун чӣ мегӯяд?
– Қонун мегӯяд, ки фарқ дорад. Дузана қонунро вайрон мекунад. Ҷиноят мекунад. Занакабоз бадахлоқ аст, ҷинояткор нест. Дузана ҷазойи ҷинойӣ мегирад, занбоз ҷазойи маъмурӣ. Аммо табиати инсон мегӯяд, ки занбозӣ ҳоҷатбарорист ва ҳоҷатбарорӣ савоб аст.
– Пас, ду зан гирифтан раво нест, вале занбозӣ равост?
– Ҳардуяш раво нест. Аммо дар амал пеши занбозиро гирифтан муҳол аст.
– Занбозӣ хароҷот дорад. Мисол кофта нагардему худатро гирем. Моҳонае, ки аз ҷойи кор мегирӣ, ба ду зиёфат мерасад. Баройи рӯзгори хона, мошин, иморат, кайфу сафо бо одамони даркорӣ дар бӯстонсароҳо, курортҳо ва бардоштани нозу ниёзи хушрӯён, чӣ қадар пул даркор?!

пешина
аз 435
навбатӣ