Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин қадар пулро аз куҷо мегирӣ?
– Аз хазинаи бетаг!
– Дар куҷост он хазинаи бетаг?
– Дар кисаи мардум.
– Мардум ҳамту аз киса мебароранду ба ту медиҳанд?
– Не, албатта. Роҳу равишашро донистан даркор. Ин як илми дигар.
– Ин илм ҳам ба илми коммунизм дохил мешавад?
– Не, албатта. Лекин ба ғалабаи коммунизм зиёне намерасонад. Асосҳойи коммунизм мисли оби ана ҳамин дарёи Вахш, қудрату тавоне дорад, ки лашу лушҳойи сари роҳашро рӯфта мебарад.
Ва бинокорон иморате сохтанд шаш ошёна ва ҳаштод дар хона, барои ҳаштод ойла, ва комиссияи давлатӣ омад ва беруну дарунашро дид ва ҳуҷҷат навишт, ва қабул кард, ки «норасоие надорад, ба истифода дода шавад»; ва бинокорон рафтанд ба ошхона ва арақу кабоб фармуданд ва сардорашон қадаҳ бардошт:
– Аз масолеҳи бино дуздидед, фурӯхтед, боз бино буд шуду нуқс надорад. Кор инчунин бояд! Нӯшидем!
Ва раиси колхоз шудгори тирамоҳиро дар баҳор анҷом дод, ва дар кумитаи марказии ҳизб, ки восита дошт, бо дахолату тавсияи ӯ, вазорати кишоварзӣ ба раис Байрақи Сурхи Сайёр супорид ва номзад ба вакилии мардум дар шӯройи олӣ пешниҳод кард, ки:
– Корҳойи коммунистӣ инчунин бояд!
Ва директори мактаб, дар мавсими пахтачинӣ, муаллимонро ӯҳдадор кард, ки ҳар рӯз панҷоҳ-шаст кило пахта бичинанд, ва ҳар муаллиме, ки саркашӣ мекунад, ба ҷазоҳойи сахт гирифтор хоҳад шуд, ва он вақт аз маъмурият не, аз худаш гила бикунад; ва муаллимон се моҳи таҳсил, ба ҷойи китобу дафтар, халтаи пахтачинӣ гирифта гаштанд; ва дар соли нави таҳсил бюрои ҳизбии кумитаи район он директорро мудири маориф таъин кард, ки:
– Ташаббус инчунин бояд!

пешина
аз 435
навбатӣ