Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва…
Ва дар СССР ҳамин хел коммунистон, ки ҳам ба ғалабаи коммунизм, бечунучаро, бовар мекарданд, ва ҳам эътиқод доштанд, ки ҳизби коммунист ақл, фаросат ва шарафи замон аст, ва ҳам манфиати шахсиашонро заруртар аз риояи идеалҳойи коммунистӣ медонстанд, аз сол ба сол меафзуд, ва ҳаминҳо, бо садоқати кӯр-кӯрона ба зоҳири шиорҳо ва ҳарфи нақшаву иҷройи он, – шаъну шараф ба КПСС, нақшаи панҷсоларо дар чор сол!, – кордониро иваз мекарданд ба корчаллонӣ, ва дастак медоданд ба тарғиботи империалистҳо алайҳи коммунистҳо.
Ва дастгоҳҳойи муқтадири табъу нашри империалистон, бино ба тарҳрезии маълум, ки дар соли 1949 муттаҳиданд маъқул дониста буданд ва бедареғ хароҷот мекарданд, аз камбудиҳойи ҷузъӣ ва хаторавиҳойи фаръӣ, хулосаҳойи куллӣ ва бунёдӣ мебароварданд, – Иттиҳоди Шӯравӣ давлати истибдодист, ки ҳуқуқи Инсонро поймол мекунад, дар он ҷо озодии сухан нест ва озодандешон зери фишору таъқибанд, ва марксизм илми тараққиёту пешрафти ҷомеъа нест ва ин назария агар ба интиҳойи мантиқиаш бирасад, ҷомеъаи ҷаҳон, ночор ба фалокатҳойи мудҳиш дучор хоҳад шуд. Ва менавиштанду мегуфтанд аз ин бобат, ва навиштаҳоро пинҳонӣ медароварданд ба СССР, ва гуфтаҳоро шабакаҳойи радиои Садои Амрико ва Озодӣ, шабу рӯз бе танаффус, бо забонҳойи русиву форсиву туркӣ, такрор мекарду такрор мекард, ва «ноаён, вале пайгирона, ба худсарӣ ва худнамоии мансабдорон, ришвахӯрӣ ва бемаслакии онҳо», заминаи муносиб фароҳам меовард, ва ҳафт миллион доллар дар як сол сарф кард, ки дар Осиёи Миёна низоъҳойи миллӣ ва диниро ангезиш бидиҳад; ва Яҳудурусро, ки дар сар дағдағаи бузургиву шӯҳрат дошт, дар Масков харид, ва пулу моли фаровон дод, ва Яҳудурус пинҳону рустӣ маҷаллаи адабиёт баровард, ки «палидтарин эҳсосоти инсониро тасвир ва тараннум мекард»; ва дар Лондону Вашингтон ҳикоя, повест ва мақолаҳойи ин маҷалларо Яҳудянкӣ ба забони англисӣ баргардонд, ва ин китоб миллион нусха чоп шуд, ва муаллифонаш ҷоизаҳойи байналмилалӣ гирифтанд, ки «ҳунари нависандагӣ ин аст!»

пешина
аз 435
навбатӣ