Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва мубаллиғони коммунизм ҳам бекор нанишастанд, – китобҳойи ғафс-ғафс навиштанд ва қувваҳойи сензураро сахт тофтанд, ва шарҳ медоданду исбот мекарданд, ки империализм зинаи охирини капитализм аст, ва ҳоло ба ҳолати наъз гирифтор шудааст. Ва имрӯз не, фардо, ҳатман, барои коммунизм ҷой холӣ мекунад; ва коршиканиҳойи оммавӣ дар заводу фабрикҳо ва бӯҳронҳойи пуливу молӣ дар ин мамлакатҳо ва афзудани шумораи бекорон ва ривоҷи бадахлоқиву фисқу фасод дар ҷомеъа, гӯётарин нишонаҳойи заволи ҳамагуна давлату сиёсат буд ва ҳаст; ва ҷавобҳойи савоб медоданд ба душманони марксизм, вале догматикӣ ва фаромӯш мекарданд, ки марксизм догма нест, ва фурқон нест, ки «аз осмон фуруд омада» бошад ва тағйир наёбад ва мувофиқ ба талаботи замон нашавад; ва худи асосгузорони марксизму сотсиализм ба таъкид гуфтаанд, ки марксизм илм аст ва илм, ба монанди рӯзгор, доим дар як қарор намеистад, ва роҳу равишаш тағйир ёфта меистад.
Ва дар муҳорибаи идеалҳойи ду сохти давлатдорӣ ва ду сиёсат, – сотсиалистӣ ва капиталистӣ, – яке ба эътиқод такия мекард, дигаре ба пул; ва силоҳи дурзану бунёдкани ҳарду тараф адабиёт, театр, кино ва рақсу суруд буд; ва истеъдодҳову ҳунармандони ҳамаи ин соҳаҳо агар парастиши некӣ, раҳмдилӣ, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ ва ҳалолкориву ҳалолхӯриро васф бикунанд, СССР ба қадрашон мерасид ва осорашонро нашру тарғиб мекард, ва ҷоизаҳо медод, ва обрӯву мартабаашонро баланд мебардошт; ва агар парастиши шаҳват, таҷовуз, бераҳмӣ, хиёнат ва ҳузну дилшикастагиву гӯшанишиниро васф бикунанд, Амрико дастгирӣ ва болобардорашон мекард, ва ҷоизаҳо медод, ва шӯҳрат меёфтанд.
Ва ҳарду тараф як ҳадаф доштанд, – дар мамлакати душман ҷавонон ва умуман одамони беору номус ва ватанбезор ва разил ба воя расонанд, ва дар набарди идеологӣ ғолибият ба даст биёваранд.

пешина
аз 435
навбатӣ