Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ҳизби коммунистӣ Съезд мегузаронд ва Қарор мебаровард.
Ва мардум Қарор мехонданд ва кор мекарданд.
Ва дар аввал ҳизби коммунистии коргару деҳқон буд, ва баъд ҳизби коммунистии коргару деҳқон ва сипоҳиён шуд, ва дар охир Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ном гирифт.
Ва иттиҳоди шӯравӣ, ки давлати заҳматкашон буд, ва аҳли қаламу ҳунар ба қатори заҳматкаш дохил намешуданд, политбюро як қарори пинҳонӣ баровард, ки ба сафи ҳизб аз заҳматкашон бештар ва аз аҳли қаламу ҳунар камтар қабул карда шавад.
Ва кулли ташкилотҳойи ҳизбӣ Қарорро якдилона маъқул донистанд.
Ва кумитаи ҳизбии шаҳри Сталинобод, дар асоси он як Қарори пинҳонӣ баровард, ва бино бар он қарор аз завуди смент шаш нафар ва аз фабрикаи бофандагӣ ҳашт нафар ва аз ҳамаи автобазаҳойи шаҳр нӯҳ нафар ва аз бинокорон ҳафт нафар ва аз ҷавонони коргар дувоздаҳ нафар ва аз мактабҳойи олӣ ду нафар ва аз академияи илмҳо, бо сенздаҳ пажӯҳишгоҳаш, ду нафар ва ҳатман, аз ҷумлаи пешқадамон, бояд ки ба сафи ҳизб ҷалб мешуданд; ва дар районҳо низ интихобу қабул ба ҳамун тартиб буд ва фақат як фарқ дошт, ки ба пахтакорон ва чорводорон имтиёзи бештаре медоданд.
Ва дар СССР ба касе, ки аъзойи ҳизби коммунистӣ набошад, мансаб намерасид, ва на танҳо ба мансабҳойи калони давлатӣ, балки ба сардории як дастаи коргарон ва ё мудири шӯъбаи як рӯзномаи район, пешбариву тасдиқ намекарданд. Мумкин набуд.
Ва Қодир Иззатович, коммунист, бригадир, дар лаби ҳавз, дар сояи ду маҷнунбед, як қумғони дудхӯрда ва ду пиёлаи нимшуста дар пешаш, ёнбош кашидааст, ва гоҳо ғанаб меравад ва гоҳе ба майдони пахта ва пахтачинҳо менигарад, ки ҳамаашон зану духтарҳойи сурхпӯшанд, ва халтаи канаб ба гардан андохта ба миён бастаанд, ва дар гармойи тобистон, қади ҷӯяҳо, даруни ниҳолҳойи шукуфтаи пахта, роҳравон хаму рост мешаванд, ва дастонашон аз ниҳол ба халта, ва аз халта ба ниҳол мераваду меояд, мераваду меояд, ва аз тафси ҳаво лабонашон, чун тароша, хушк шудааст ва нам надорад; ва ӯ ваъда додаст, ки аз ҳар як гектар чил сентнер ҳосил бигирад.

пешина
аз 435
навбатӣ