ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Миралӣ Валаматович, пешқадам, коммунист, раиси колхоз, се соати дароз дар маҷлиси ҳукумат наҷунбида нишаст, ва ду соати дигар дар ресторан ба инспектороне, ки аз вазоратҳо омаданд, нону намак, яъне шаробу кабоб дод, ва хаста шуд, ва ронандаи мошинро гуфт, ки «ҳай кун ба Сарчашма!»; ва мошин аз роҳи саҳро, ки дағар буғур аст, ва ду тараф колхозчиён гандуму алаф медараванд, ғарғару патпаткунон гузашту дар Сарчашма истод, ва раис аз мошин фуромад, ва шиками дамбашро молида боло сари ҳавзча баромад ва мӯзаҳояшро кашид, ва поҳояшро даруни об монд; ва оби ҳавзча аз новадоне поён мерехт, ва дар таг деги маърака меҷӯшид, ва ошпазҳо аз новадон об мегирифтанд; ва сатилбадасте ҷонибаш бо савол нигарист ва ӯ хандид:
– Обата гирифтан гир! Пойи раис аз дасти шумо ҳалол аст.
Ва Қудрат Додоевич, коммунисти собиқадор, номзад ба аъзойи Кумитаи марказии ҳизби коммунистии ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби якуми ҳизби коммунистии район, тараддуди курорт рафтан дошт, ва раисони колхозу директорони зовуду автобазаро даъват кард ба зиёфати гусел; ва гирдогирди хонаи ёздаҳболор кӯрпачаҳойи якқад партофт, ва ҳангоми сӯҳбату хӯрдану нӯшидан, ва рост хеста ба васфи беҳтарин одаму бохирадтарин роҳбар, нӯшбодҳо гуфтан, ҷойи нишасти ҳар яки онҳоро зери чашм кард; ва баъди гусели меҳмонон лаби кӯрпачаҳоро бардошт, ва ҳар яки онҳо маблағе зери кӯрпача монда буданд барои роҳпулӣ ва дамгирӣ; ва ҷойи нишасти директори заводи биринӣ холӣ буд; ва раиси колхози Дӯстӣ директори заводи биринҷро бад медид, ва номаълум маблағи мондаи ӯро ғеҷонда ба ҷойи нишасти худаш гузошт, ки ҷазояшро диҳад; ва баъди аз курорт баргаштан, аввалин фармоне, ки вай дод, аз мансаб гирифтани директор буд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо