ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Дилмурод саду панҷоҳ – дусад грамм арақ хӯрад, одами оқилу одил мешуд, ва Ҳайдар феъли ӯро медонист, ва дар чунин мавридҳо аз масъалаҳойи нозук сӯҳбат мекард; ва дар ресторан, дар гӯшаи хосе, ки онҳо нишаста буданд, рафтору кирдорҳойи бригадир, раис ва котибро нақл кард ва маслиҳат пурсид:
– Дар ҳолати ногуворе мондаем. Мухбир ҳар рӯз мебиёяд. Далелу шоҳидҳойи нав ба нав мебиёрад. Дар рӯзнома чоп кардани ин хел хабарҳо мумкин не. Ба мухбир ҷавоби савоб дода наметавонем, ки қаноатбахш бишавад.
– Худи ҳамон мухбир чӣ хел одам?
– Одами ростгӯ. Устухонаш дар корҳойи пионерӣ, комсомолӣ ва ҳизбӣ сахт шудагӣ. Ҳоло дар нафақа. Муросо гуфтанӣ гапро намедонад. Мардум дар рӯяш ва дар ғайбаш таъриф мекунанд, ки рости гапро мегӯяд, дурӯягӣ намекунад, вале обрӯву эътибору эҳтироме надорад. Ҳурмат намекунанд.
– Ба раис ва котиб зӯратон намерасад. Аз паси ин корҳо нагардед. Лекин бригадирро фелетон кардан мумкин. Фелетон нависед, бо имзойи мухбир чоп кунед. Мухбир хурсанд, ҷони шумо халос.
Ва дар рӯзнома фелетон бо имзойи мухбир чоп шуд, ва ин фелетонро дар бюройи ҳизби район хонданду маъқул донистанду қарор бароварданд: «Фактҳо тасдиқ шуд. Бригадир, барои вайрон кардани интизоми ҳизбӣ аз вазифа озод ва аз сафи ҳизб бароварда шавад». Ва нусхаи қарорро фиристониданд ба редаксия, ва рӯзнома дар гӯшаи Ҷавобҳо чоп кард; ва ҳангоми таъоми чошт Абӯбакри обдор, рӯзнома ба даст, дар назди самовори ба қадаш баробар, рост истода, бо овози баланд қарорро хонд, ва чеҳраи колхозчиён равшан шуд, гӯё хастагиашон баромад; ва Абӯбакр бо даст ба осмон ишора кард:
– Дар боло коммунистони ҳалол ҳастанд. Чанд нафаре, ки дар поён ҳаромкорӣ мекунанд, коммунистони нохонда ва нодонанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо